» » » Анҷирҳои ширин ва болаззати маҳаллаи “Боғи Баланд”-и Самарқанд


Анҷирҳои ширин ва болаззати маҳаллаи “Боғи Баланд”-и Самарқанд


Анҷирзорҳои машҳури Самарқанд-сайқали рӯи замин, аз зумраи боғҳои куҳантарини шаҳри бостонӣ буда, бисёри ин боғҳо дар замони Амир Темур рушду нумӯъ ёфта, ба боғҳои калонтарин табдил дода шудаанд.

 

Дар бораи анҷирҳои хеле ҳам ширин ва хушхӯри деҳаи "Боғи баланд”-и Самарқанд дар асари "Бобурнома”-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур ҳам маълумот дода шуда, гуфта шудааст, ки сарсабзу хуррамии ин маконҳо дар ҳафт иқлим машҳур гашта буд.

 

Боз як илова тибқи фикри мутахассисон ниҳолчаи анҷири ин боғро дар ҷониби дигари вилоят шинонида дидаанд, аммо меваҳои он, мисли анҷирҳои ширини ин ҷониб болаззат нарӯидаанд.

Чанд сол муқаддам бо ташаббуси сарвари мамлакат ва вазорати туризми Ҷуимҳурӣ анҷирзори мазкур ба манзили боз ҳам шинамтару зеботари Самарқанд табдил дода шуда, барои қабули сайёҳони хориҷа ва дохилӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шуд.

 

Катҳо бо кӯрпачаҳои миллӣ ва дастархонҳои зебо бо матоъҳои адрасин оро дода шуда, якчанд километри роҳи дохили анҷирзор мумфарш-асфалтпӯш карда шуд.

 

Меҳмонони ба боғ ташриф намуда бошад, бевосита аз дарахт анҷирро канда, истеъмол менамоянд.

 

Аз ин рӯ, бо мақсади боз ҳам хубтар намудани шароит дар анҷирзори маҳаллаи "Боғи баланд” хизмати алоқаи тези интернетӣ ҳам гузаронида шудааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий