» » » Ба соҳибкорон чӣ гуна ёрии амалӣ лозим аст?


Ба соҳибкорон чӣ гуна ёрии амалӣ лозим аст?


Ба саволи мо оид ба ҳалли кадом масъалаҳо соҳибкорон тадбиркоронро муҳимтар аст, маслиҳатчии ҳокими вилояти Самарқанд оид ба корҳои рушди истеҳсолоти маҳаллӣ Нозир Ибрагимов масоили норасоии кадр-мутахассисони ботаҷриба, гази табиӣ ва нерӯи барқ гӯён фикри худро баён кард.

 

Маълуматон, ки дар вилояти Самарқанд наздики 10 ҳазор то корхонаҳои истеҳсолӣ амал карда байни онҳо 60-70%-и ин корхонаҳо, корхонаҳои саноатии пешқадам ба ҳисоб меравад. Ин ҷо корхонаҳои нави соли равон ташкил кардашударо ҳам дар як радиф метавон вирди забон кард.

Бозори экспорти маҳсулот бошад, дар маркази диққати масъулини соҳа мебошад.

 

471-намуди маҳсулотҳои гуногуни 412-то корхонаҳои вилоят ба 46-мамлакати ҷаҳонӣ экспорт карда мешавад. Дар 7 моҳи соли равон ба маблағи 224 миллион доллари америкоӣ ба давлатҳои хориҷа маҳсулоти Ӯзбекистон экспорт-содирот карда шуда, нисбати ҳамин вақти соли гузашта ин нишондиҳанда 59 % зиёд мебошад.

 

Дар толори маҷлисии яке аз корхонаҳои азими шаҳри Самарқанд вохӯрии ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои инвеститсия ва муносибатҳои хориҷии иқтисодӣ Сардор Умурзоқов баргузор гардид. Бо вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ бошад, вохӯрӣ ба тариқи онлайнӣ ташкил карда шуд.

 

Дар рафти сӯҳбат мулоқот тадбиркорон бо саволҳои бисёри худ ба ҷонишини сарвазир муроҷиат карда, оиди ин ё он ҳолат дар ҷараёни кори хеш пурсон шуданд.

Ёдрас мекунем, аз санаи 31 августи соли ҷорӣ то санаи 4-сентябр дар пойтахти ватанамон Тошканд анҷумани калони тадбиркорон бо намояндагони бизнес ва бонкҳои ҷаҳонӣ баргузор мегардад.ф

Комментариев: 0
Добавить комментарий