» » » Забон донӢ ҷаҳон медонӢ!


Забон донӢ ҷаҳон медонӢ!


Бо ташаббуси Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дирӯз конфронси байналхалқии илмӣ-амалии маъмулгардонии омӯзиши забонҳои хориҷии Агентии вилояти Самарқанд Shaping the Science-3 баргузор гадид. Тадбири муҳими ҳудудии мазкур баҳри кӯмак ба донишҷӯён, устодон ва тадқиқотчиёни Осиёи Марказӣ ва рушди дониш ва тадқиқотҳои амалии лингвистика равона карда шудааст.

 

Мақсад аз ташкили тадбири мазкур ин омӯзиши ҳолати забоншиносӣ дар шароити пандемия ҷаҳонӣ ва муайян кардани мавзӯъҳои имрӯз мебошад.

Дар рафти конференсия хонандагон, донишҷӯён, тадқиқотчиён иштирок карда тавассути платформаи ZOOM бо спикерони давлатҳои Британияи Кабир, Америка, Украина ва Россия дар мулоқот шуданд.

 

Қобили зикр аст, ки Агентии рушд ва омӯзиши забонҳои хориҷаи Самарқанд на фақат ба донандагони забони англисию омӯзгорони ин забон, балки ба довталабон ва хоҳишмандон ҳам имконияти омӯзиши чуқури забонҳоро дар даргоҳҳои олии давлатҳои берунмарзӣ медиҳад.

Ба ғайр аз ин, агентии мазкур барои рушди майлу рағбат ва шавқи хурдтаракон барномаҳои завқовари гуногун, видеороликҳои аниматсиониву ғайра тайёр карда меояд.

 

Дар бораи кори конфронси байналхалқӣ на фақат намояндагони ВАО-и маҳалливу веб-сайтҳо, балки намояндагони ВАО-и давлатҳои Гретсия, Украина ва Россия маълумот дода мераванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий