» » » Поси хотири аввалин президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов


Поси хотири аввалин президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов


Санаи 2-юми сентябр фаъолон ва фахриёни вилоят бо сарварии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов дар қабри аввалин президенти мамлакатамон Ислом Каримов воқеъ дар маҷмӯаи Ҳазрати Хизр ҷамъ омадатиловати Қуръон намуданд.

 

Пас он ҳозирин бо роҳбарии ҳокими вилоят дар назди пайкараи Ислом Каримов гулҳои тару тоза гузошта, ба ин шахси бузург эҳтироми хеш ва халқи моро баён намуданд. Дар бораи хизматҳои шоёни аввалин Президенти мамлакат баҳри нигаҳдории тинҷиву амният ва барқарории иқтисодиёти кишвари маҳбуб ва соҳибистиқлолияти он сухан карда шуд. Ёдрас мекунем, Ислом Каримов дар тӯли қариб 25 сол дар сари давлат буда, баҳри рушду нумӯи Ҷумҳурии Ӯзбекитсон хизматҳои беандоза кардааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий