» » » Клуби бачагони «Алтоҳир» барои иштирокчиёни озмуни “Суратҳои куҳантарин” иди шавқовар ташкил кард


Клуби бачагони «Алтоҳир» барои иштирокчиёни озмуни “Суратҳои куҳантарин” иди шавқовар ташкил кард


Фасли тобистони соли равон клуби бачагони «Алтоҳир» озмуни масофавӣ бо иштироки қаҳрамонҳои эҷодии гурӯҳи "Алладин” эълон карда буд. Волидон ва хурдтаракон суратнамоиши лаҳзаҳои бетакрору аҷоибу зеборо, ки дар клуби эҷодии номбурда, ба сурат гирифта шуда буд, бояд ҷамъ карда мефиристоданд. Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд.

 

Ҷараёни ташкили намоиши суратҳо бошад, мисли аксияи иҷтимоӣ ҳамаи хурдтаракон ва иштирокдорони калони идро дар як ҷо муттаҳид кард.

 

Иштирокчиёни озмуни мазкур таассуротҳои хешро бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи афсонавиашон ва бо ташкилотчиёни озмун бо ҳам диданд. Байни 200-то суратҳои фиристодаи шаҳрвандонамон суратҳои кӯҳна ҳам кам набуд.

 

Дар хотимаи озмун барои ҳамаи иштирокчиён гурӯҳи эҷодии "Алтоҳир” иди калону бошукӯҳ ташкил кард.

 

Ҳамин тавр, меҳмонони иди бачагон, иди суратҳо бо хурсандиву шодии беандозаи волидону фарзандон гузашта, иштирокчиён имконияти иштирок дар шоуи пуфакҳои собунӣ, аниматорон ва бозиҳои бисёри шавқангези бачагон иштирок ва шодбошиҳо намуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий