» » » Дар массиви Қорасуви вилояти Самарқанд барои 26-нафар шахс хонаҳои бепул тақдим карда шуд


Дар массиви Қорасуви вилояти Самарқанд барои 26-нафар шахс хонаҳои бепул тақдим карда шуд

Дилшода Қосимова дар иҳотаи набераву наздикони хеш хеле ва хеле хурсанд аст, зеро имрӯз барои ӯ хонаи истиқоматии нав тақдим карда шуд.

 


Онҳо дар қабати якӯми бинои навбунёди 14-қабата соҳиби хона бо масоҳати 70кв.м гардида, ҳаққи даромади авваларо пардохта, шартномаи кредитӣ барои 10 солро ҳам имзо карданд.

 

-"Ман дар массиви Қорасув соҳиби хонаи зебо гаштам-мегӯяд ҳини сӯҳбат Дилшода Қосимова, тавре мебинед хонаҳо хеле калон, шинам. Бо таъмири олиҷаноб, омадаму даромадам ”.

 

Мисли Дилшода Қосимова 1238 оила дар маҳаллаи "Обод маҳалла”-и Самарқанд соҳиби хона гаштанд. Барои 26-нафар ашхоси мӯҳтоҷ, ки ба шароити душвори оилавӣ афтодаанд, сертификати хонаҳои бепул тӯҳфа карда шуд.

 

Ҳокими вилоят  бо ин рӯзи нек шаҳрвандонро табрик намуда, дар баромади хеш гуфт, ки дар ин ҷониб барои 100- ҳазор нафар шахс шаҳрак сохта мешавад.

 

Дар давоми сухани хеш ҳокими вилоят гуфт, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи нақша норасоии муаммои хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолӣ ҳал карда шуда истода, бунёди биноҳои серошёна дар массиви Қорасув исботи гуфтаҳоямон шуда метавонанд.

 

Дар назар дошта шудааст, ки то охири сол барои 1680-нафар хонандагон мактаби умумтаълим, боғчаи бачагон барои 300 нафар хурдтаракон, поликлиникаи оилавӣ барои 150 нафар ва беҳ гардонии сохтори роҳи нақлиётӣ дар назар дошта шудааст.

 

Дода шудани 3848-то хонаҳои истиқоматӣ дар арафаи идҳои баҳорӣ тӯҳфаи ҳақиқии идона гашт. Дар рафти чорабинии мазкур ҳунарпешагон ва санъаткорони машҳур аз пойтахти Ватан Тошканд ташриф намуда аҳлии ҷамъомадаро бо иҷрои сурудҳои дилнишин хурсанд гардониданд.

 

Ба сохтмончиёни фаъол, бинокорон бошад, тӯҳфаҳои пурқиммат тақдим карда шуд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий