» » » Бунёди бинои нави поликлиникаи оилавии рақами 9-ӯм дар шаҳри Самарқанд


Бунёди бинои нави поликлиникаи оилавии рақами 9-ӯм дар шаҳри Самарқанд

Поликлиникаи нави оилавии рақами 9-ӯми шаҳри Самарқанд дар маҳаллаи "Ҳазора” ҷойгир шуда, чанде пеш ходимон ин муассисаи тиббӣ кори худро дар бинои нав давом доданд. Маросими мутантани кушодашавии ин иншооти муҳими иытимоӣ бо иштироки намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳри Самарқанд, ходимони шӯъбаи тандурустии вилоят, фахриён ва намояндагони Васоити Ахбори Омма доир гардид.

 

 

Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонии поликлиникаи мазкур, дар муддати кӯтоҳ ба охир расонида шуда, дар рафти корҳои бунёдкорӣ 4 миллиарду 268 миллион сӯм  маблағ ҷудо карда шуда буд. Дар тӯли шаш моҳ ҶДММ "Маъруф қурилиш сервис” корҳои бунёдкориро ба анҷом расонид.

Ин бинои нави сеқабата дар рӯбарӯи бинои кӯҳнаи бунёдаш соли 1976, ки барои боғчаи багона махсус гардонида шуда, баъдан ба истифодаи мактаб супорида шуда буд,  ҷой гирифта, оғоз аз соли 2007-ӯм ба сифати поликлиника дар хизмати аҳолии ин мавзеъ буд.

 

Бинои пешина барои хизмат ба 120 нафар мутобиқ карда шуда, таҷҳизоти нави тиббии замонвиро надошт. Аз ин рӯ, баъди бунёди бинои нав ходимони ин муассисаи тиббӣ метавонанд дар як баст барои 200-нафар аҳолӣ якбора хизмати тиббӣ расонанд. Умуман, ба поликлиника аҳолии панҷ маҳаллаҳои атроф иборат аз  29-ҳазор нафар аҳолӣ муроҷиат мекунанд.

 

Дар рӯйхати таҷҳизоти нави дар поликлиника гузошташуда, дар асоси дастури давлатии "Саломатлик-3” анализатори биокимиёвӣ, офталмоскоп, таҷҳизоти нави ЭКГ, УЗИ, ЭХО, тарозуи электронӣ барои калонсолон, маҷмӯи стоматологӣ ва ғайраҳо дароварда шудааст.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий