» » » Дар боғчаи бачагонаи рақами 28-ӯми шаҳри Самарқанд таҳти шиори “Панҷ ташаббус-панҷ имконият” тадбир баргузор гардид


Дар боғчаи бачагонаи рақами 28-ӯми шаҳри Самарқанд таҳти шиори “Панҷ ташаббус-панҷ имконият” тадбир баргузор гардид

Дар озмун-азназаргузаронии "Панҷ ташаббус, панҷ имконият”, ки дар боғчаи бачагонаи рақами 28-ӯми шаҳри Самарқанд гузаронида шуд, тарбиятгирандагони гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб иштирок карданд. Дар рафти тадбир хурдтаракон воситаҳои дар машғулотҳои тайёрӣ омода намуда ва асбобҳои айёнии дар рафти азхудкунии мавзӯъ истифода бурдаашон ва машқҳои дигари гуногунро ба диққати ҳозирин намоиш доданд.

 


Дар ҳошияи ин чорабинӣ гулдухтаракони боғча дар асоси панҷ шарт байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд.

 

Намоиши рақси миллӣ, духтани тугмаҳо, иҷрои суруди алла ва дигар шартҳоро бачагон бо маҳорати баланд иҷро намуданд.

 

Ҳини сӯҳбат иштирокчиёни тадбир қайд намуданд, ки шеърхониву баромад кардан дар чунин озмоишҳо баҳри тарбияи хурдтараконро дар руҳияи ватанпарварӣ, башаклдарории ҳисси садоқат ба кишвари маҳбуб ва ғайра аҳамияти муҳимро касб менамояд.

 

Дар рафти мулоқот бо ташкилотчиён, аз ҷумла бо мудираи боғча қайд гардид, ки баргузории чунин чорабинии пурмӯҳтаво, яъне "Панҷ ташаббус- панҷ имконият” баҳри пурқувваттар намудани шавқу рағбати бачаҳоро ба шеъру суруд, рақсу расмкашӣ, тамрин бо варзиш дорои аҳамияти калон аст.

 

Дар хотимаи тадбир падар в модарони фаъол ва хурдтаракони пешқадам бо тӯҳфаҳои хотирмон тақдир гардонида шуданд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий