» » » Дар ноҳияи Пастдарғам пресс тур ташкил кард шуд


Дар ноҳияи Пастдарғам пресс тур ташкил кард шуд

Садорати вилоятии испексияи назорати маҷмӯи Агросаноатии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Пастдарғам пресс тур ташкил кард.

 

 

Дар пресс тур намояндагони Васоити Ахбори Оммаи вилоят иштирок карда, аз рафти корҳои амалигашта дар самти баланд бардоштани иқтидори иқтисодиёти ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд шинос шуданд.

 

Манзили аввале, ки намояндагони ВАО дидан карданд, ин гармхонаи назди ҶДММ ”Челак эко газ” буда, он дар маҳаллаи Аҳмад Яссавии ноҳияи мазкур ҷой гирифтааст. Масоҳати умумии гармхона 0,5 гектарро ташкил дода, навъҳои бодиринги магнум ва стингер истеҳсол карда мешаванд.

 

Дар баробари ин маҳсулоти полизӣ соҳибкор 150 бех ниҳолчаҳои лимуро шинонида, мана соли саввум аст, ки ҳосили фаровон мегирад.

 

Манзили дигаре, ки мухбирон дар ноҳия Пайариқ дидан карданд, ин гармхонаи калонҳаҷми дар асоси технологияҳои навини замонавӣ сохта шуда дар ҳамкорӣ бо мутахассисони давлати Кореяи Ҷанубӣ буд.

 

Дар гармхонаи мазкур ҳоло наздики 50-нафар ҷавонон кор карда истода,  он ҷо помидорҳои навъи ҷопонии Пинпородайс парвариш карда шуда истодааст.

 

Дар назар дошат шудааст, ки оянда помидорҳои рӯида ба давлатҳои хориҷа низ содирот карда мешавад.

 

Сипас, ташкилотчиёни пресс тур якҷоя бо намояндагони ВАО роҳ сӯи  комплекси чорвои "Сутелло”-ро пеш гирифтанд. Дар маҷмӯи номбурда, ки соли 2017-ӯм фаъолияти хешро оғоз намуда буд, 100-сар чорпойи зоти олмонӣ парвариш карда шуда, дар як рӯз аз ҳар як моли шохдор то 30-35 литрӣ шир гирифта мешавад.

 

Дар баробари моли шохдор дар корхона наздики 20-сар бузҳои бразилиягӣ нигоҳ дошта шуда, дар як рӯз аз ҳар яки онҳо 3 литрӣ шири серғизо гирифта мешавад.

Бо истифода аз технологияи нави замонавӣ  чорпо дар вақти муайян шир дода, бо маҳсулоти серғизо таъмин карда шудааст.

 

Ходимони маҷмӯи чорвоии мазкур ба мухбирон инчунин корхонаи навташкили ҶДММ "Ӯзбегим Агро”-ро нишон дода гуфтанд, ки дар корхонаи номбурда ҳам, аллакай наздики 10-нафар ҷавонон бо кор таъмин карда шудаанд. Дар корхонаи мазкур намудҳои зиёди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мегардад. Ташаббускорон оянда дар нияти  боз ҳам васеътар намудани майдони корхонаи истеҳсолиро дошта, мехоҳанд хелҳои зиёди маҳсулоти шириро истеҳсол намуда, бозори дохилиро бо маҳсулоти босифат пур кунанд.

 

Шахло Ахророва

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий