» » » Самти пешгирии бемориҳои онкологӣ дар Самарқанд


Самти пешгирии бемориҳои онкологӣ дар Самарқанд

Ба ҷои диспансери психиконеврологии воқеъ дар шаҳраки Кимёгарон рӯзҳои наздик шифохона барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба гирифторони касалии саратон, ки дар даври рушди терминалист, пайдо мешавад.

 

 

Шӯъбаи ёрии паллиативӣ дар назди маркази илмӣ-амалии тахассусии онкологӣ ва радиологии филиали Самарқандии ҷумҳуриявӣ бунёд карда шуда истодааст.

Ҳамагӣ дар республика кушодани чаҳорто чунин хосписҳои ҳудудӣ: дар шаҳри Тошканд, вилояти Самарқанд, Фарғона ва Хоразм ба нақша гирифта шудааст.

 

Ҳини сӯҳбат шифокор-онколог Сироҷ Бобоқулов оиди бунёди ин иншооти муҳим чунин гуфт:

-"Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар  мамлакат 4-то хоспис сохта шуда истода, он ҷо на худи беморӣ, балки рафъи нишонаҳои патологии он, ки сифати зиндагониро паст мегардонад: дард, асабоният, дилбеҷошавӣ, қайкунӣ, бехобӣ муолиҷа карда мешаванд. Аз хизмати ходимони тиби шӯъбаи Самарқандӣ нафақат беморони самарақандӣ, балки беморони вилоятҳои Навоӣ, Қашқадарё, Ҷиззах ҳам  метавонанд истифода баранд”.

 

Тибқи фикри директори фирмаи сохтмонии "Қобил Мирзо” Холбек Очилов корҳои сохтмонии бинои мазкур моҳи майи соли равон ба охир расонида мешаванд. Аммо сохтмончиён корҳои таъмирию бунёдкориро бо диққат ва оҳистагӣ ба пеш бурда истодаанд, зеро ҳокими вилоят ҳангоми дидан кардани ин иншооти муҳим тавсия карда буд, ки сифати бино бояд ҷавобан ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шавад.

 

Қобили зикр аст, ки вазифаи асосии шифохонаи паллиативӣ ин ташкили намуди нави хизмати тиббӣ-иҷтимоии дар асоси муносибати раҳмдиливу меҳру шафқати ҷамъиятчигӣ ва давлатӣ иборат буда, муносибат ба муаммоҳои онкологиву бемории ғайрисирояткунанда мебошад. Бояд гуфт, ки фаъолияти хосписро давлат дастгирӣ карда, барои беморон ҳамаи хизматҳо бепул-ройгон мебошад. Ёрии хайриявӣ ҳам қабул карда мешавад.

 

Тибқи маълумоти садорати вилоятии нигоҳдории тандурустӣ дар ҳудуд 12-ҳазор нафар гирифторони ин беморӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд. Бо мақсади тадбиқи Нақша-барномаи рушду икмол-такмили хизмати онкологӣ Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду таҷҳизоти пурқувват барои терапияи нурӣ-гамма дистансионии терапевтии «Terabalt» ва брахитерапевтии истеҳсоли давлати Чехия «Flexitron»-ро ҷудо кардааст.

 

Маълуми ҳамагон аст, ки мубориза зидди касалии саратон фаъолияти хеле душвор буда, дар бисёр ҳолатҳо беморон аз терапияи нурӣ мегузаранд. Тибқи фикри шифокорони диспансери онкологӣ ва радиологии вилоят, мавҷудияти технологияҳои замонавӣ барои беҳуда нагузаронидани вақти пурқиммати хешро-беморон барои равуо кардан ба пойтахт, имконият медиҳад.

 

Айни замон мутахассисони чехиягӣ корҳои охирини банду баст ва пайвасткунии таҷҳизоти тиббиро бурда истодаанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий