» » » Кӯчаҳои дохили шаҳри Самарқанд мумфарш-асфалтпӯш карда мешаванд


Кӯчаҳои дохили шаҳри Самарқанд мумфарш-асфалтпӯш карда мешаванд

Бо фарорасии баҳори хуррам дар кӯчаҳои шаҳри бостонӣ корҳои ободониву тармимӣ давом дода шуда истодаанд.

 

 

Ҳамин тавр, оғоз аз кӯчаҳои асосӣ то кӯчаҳои дохилӣ шаҳр зина ба зина роҳҳои нақлиётӣ таъмир мегарданд.

 

Тибқи фикри ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд Рустам Олимов имрӯз дар шаҳри Самарқанд зиёда аз 844 км роҳҳои нақлиётӣ мавҷуд буда, 40 фоизи онҳо кӯчаҳои асосӣ ва 60 фоизи онҳо кӯчаҳои дохилиро ташкил медиҳанд.

 

Бо қарори махсуси ҳокими вилоят корҳои таъмирии кӯчаҳо ба ташкилотҳои мутассадӣ тақсим карда шудаанд.

 

Кӯчаҳои дохили шаҳр ба 5 қисми калон ҷудо карда шуда, ҳар як ҷониб таҳти назорати шахсони мутассадӣ ва гурӯҳҳо кор мебаранд.

 

Ҳамин тавр, то ҳол кӯчаҳои зиёди марказии шаҳр асфалтпӯш карда шуда истода, чуқуриҳову шафати роҳҳо ҳамвор карда мешаванд.

 

Назорати бурда шудани корҳои таъмирии кӯчаҳои дохили шаҳр бар ӯҳдаи вакилони шӯъбаи вилоятии ”Ӯз-йӯл-инспексия” гузошта шудааст.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий