» » » Нархи картошка дар бозорҳо чанд сӯм шуд?


Нархи картошка дар бозорҳо чанд сӯм шуд?

То вақти имрӯз тибқи маълумотҳои расмии ҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз даҳ  нафар ӯзбекистонӣ гирифтори бемории коронавирус гардида, зиёда аз 800 –нафар ашхос зери назорат гирифта шудаанд.

 

 

 

Агар дар рӯзҳои аввали паҳни хабари бемории коронавирус дар Ӯзбекистон якуякбора аҳолӣ ба воҳима афтода, аз бозору мағозаҳо хӯроквориҳои зиёдро харида бошанд, имрӯз бо мақсади пешгирии воҳимаи беасос байни аҳолӣ тибқи қарори махсуси ҳокими вилоят гурӯҳҳои кории назоратӣ дар бозорҳо ташкил карда шуданд.

 

Маълуматон, ки дар шаҳри Самарқанд панҷ бозори калон амал карда, аллакай, дар ҳамаи бозорҳо гурӯҳҳои махсуси назоратӣ кор бурда истодааст.

 

Аз ин рӯ, барои равшанӣ андохтан ба масъалаи баланд шудан ва ё нашудани нарху навои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳо, мо даставвал ба бозори калонтарини Самарқанд, бозори деҳқонии "Сиёб” рафта, дар даромади он  ташкил карда шудани ярмака-фурӯши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқро гувоҳ гаштем.

 

Дар рафти наворбардорӣ сокинони шаҳри куҳан оид ба нарху наво гуфтанд, ки нисбат ба рӯзи аввали эълон гардидани карантин барои мактабу боғчаҳои бачагона имрӯз нархҳо дар меъёри пешина дошта шуда истодаанд.

 

Ҳамин тавр, тибқи фикри масъулин ва ходимони андози вилоятиву департамент ва дигар ташкилотҳои дахлдор, гурӯҳҳои корӣ аз субҳ то шом дар нуктаҳои гуногуни бозор байни мардум гашта, нархҳоро дар бозор назорат карда истодаанд.

Дар бозори дигари марказии шаҳри бостонӣ бозори "Мармар” ҳам гурӯҳи корӣ дар ҷой буда, нархҳоро назорат мекрд.

 

Қобили зикр аст, ки дар асоси қарори махсуси ҳокими вилоят аз хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои вилоят маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ба миқдори зиёд ба бозорҳо оварда шуда, бо нархи дастрас ба аҳолӣ фурӯхта шуда истодааст.

 

Оиди минбаъд ҳам таъмини аҳолиро бо маҳсулотҳои зарурии талаби аввал аз қабили: гӯшт, тухум, орд, картошкаву пиёз, равғану сабзиву дигар маводҳои муҳими дигари хӯрокворӣ масъулини садорати андози вилоят, департамент, СЭС, ҳокимияти шаҳру вилоят корҳои амалии назоратиро ба роҳ монда, ҳини сӯҳбат гуфтанд, ки то мӯҳлати муайянкардашудаи ҳатмӣ ин гурӯҳҳо ҳар рӯз дар бозорҳо мешаванд.

 

Рӯзҳои наздик мо боз ба ин мавзӯи умдаи рӯз бармегардем.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий