» » » Мухбирон ҳамнафаси замонанд


Мухбирон ҳамнафаси замонанд

Мана 30-сол мешавад, ки рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” барои муштариёни худ ҳам дар Самарқанду Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳам дар миқёси ҷаҳон матну мақолаҳои пурмӯҳтаворо аз ҳаёти мамлакат ва олам дарҷ намуда, сол то сол мазмуну мундариҷа, тарзи пешниҳоди маводҳоро бою рангинтар мегардонад, саҳифаҳои нав бар нави аҷоибу бетакрорро пешкаши хонандагони хеш мегардонад.

 


Қобили зикр аст, ки барои сермазмунтар  намудани саҳифаҳои рӯзнома саҳми устодони соҳа, аз ҷумла яке аз рӯзноманигорони тезқалам ва устоди мо журналистони Самарқанди бостонӣ, Зоҳир Ҳасанзода хеле калон буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали нашри рӯзномаи номбурда, устод бо мақолаҳои пурмазмуну оригиналии хеш баромад карда меоянд.

 

Ҳамчунон дар нашрияҳои даврии вилояти Самарқанд ба таври доимӣ маводҳои пурмӯҳтавои шавқовари ҷавобгӯ ба саволҳои умдаи рӯзро пешкаши хонандагон намуда, дар рӯзномаи ҷумҳуриявии "Овози Тоҷик” ба ҳайси мухбири махсуси вилоятии рӯзнома фаъолият мебаранд. Муаллифи асарҳои зиёд ва даҳҳо адад китобҳову очерку ҳикояву мақолаҳои публисистиянд.

 

Чанде пеш ба муносибати ҷашни мавлуди устод дар хонаи матбуоти вилоят шаби адабӣ ташкил карда шуд. Ташаббускорони тадбир сардабири рӯзномаҳои муштараки вилоятии "Зарафшон” ва "Самаркандский вестник” Фармон Тошев ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмоновҳо ба сухан баромада, оиди нақши рӯзноманигор дар пешрафти ҳаёти ҷумҳурӣ ва вилояти Самарқанд, мустаҳкамнамоии дӯстии халқҳо истода гузаштанд.

 

Дар хотима аз номи таҳририят ва ҳамкасбон суханҳои нек бар ҳаққи устод Зоҳир Ҳасанзода баён карда шуда, ба фаъолияти минбаъдаи устод  комёбиҳои беназир таманно карда шуд. Тақдими тӯҳфаҳои хотирмон бошад, давраро ҳусни тоза бахшид.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий