» » » Саховатмандӣ-фазилати беҳтарини халқи мо


Саховатмандӣ-фазилати беҳтарини халқи мо

Ҳанӯз аз давраҳои қадим мардуми мо бо фазилатҳои ҳамидаи хеш аз қабили: саховатмандӣ, накукорӣ, меҳру мурувват нишон додан ба дармондагону, иҷрои корҳои хайру эҳсон дар олам маъруф буда, ҳамеша ҳамдигарро кӯмак мерасонанд.

 

 

Аз ин рӯ, ҳангоми муайян карда шудани инфексияи коронавирус дар мамлакат бархеи аз шаҳрвандон каме ба таҳлука афтода, ба харидану захираи хӯрокворӣ ҳаракат карданд.

Аммо ҳукумату роҳбарони давлат ба зудӣ ин ҳолатро пешгирӣ карда, дар мағозаву бозорҳо баландшавии нарху мавҷудияти маводи хӯрокиро зери назорат гирифтанд.

 

Ҳоло бошад, дар вилояти Самарқанд вазъият барқарор гардида, ҳукумат аҳолиро барои эҳтиёт будан нисбати сирояти инфексия ва риоя ба қоидаҳои гигиениро тарғиб мекунанд. Зеро одамизод дар тӯли асрҳои зиёд чунин ҳолатҳои ногаҳониро бисёр аз сар гузаронидааст. Аз ин ҷо, ҳамаро мебояд огоҳ будан аз сирояти коронавирус.

 

Ҳамин тавр, дар вилояти Самарқанд баҳри пешгирии паҳни инфексияи коронавирус масъулин корҳои дезинфексионии нақлиётҳо, кӯчаву корхонаву муассисаҳоро мегузаронанд.

Соҳибкору тадбиркорон бошад, ба таври ихтиёрӣ ба оилаҳои камбизоату яккамондагону муҳтоҷон хӯроквории заруриро расонида истодаанд.

 

Масалан, сарвари корхонаи оилавии "Элегант Барака” Ҷавоҳир Худойбердиев аз ноҳияи Нарпайи вилоят, 50 тонна орду 4500 буханкаи нон ва 15-ҳазор банд ҳазориспандро ба беморону мӯҳтоҷон дар ноҳияҳои Нарпай, Пахтачӣ, Қӯшработ ва Каттақӯрғону Иштихон тақсим карда дод.

Дар рафти эълони карантин ёрӣ аввало ба шахсони куҳансолу яккамондагон муҳимтар аст, дарёфти доруҳои зарурӣ аз аптекаву ғайра низ. Маъмурияти ноҳияи Оқдарё дар хонаи Шуматбика Артриеваи 95-сола шуда, маводи хӯроквории зарурӣ ва доруҳоро расониданд. Чунин ёрӣ барои 140-оила расонида шуд.

 

Афсӯс, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то вақти имрӯз адади гирифторони инфексияи коронавирус ба 50-нафар шахс расида, ҳукумату давлат барои муолиҷаи беморон тамоми чораҳои заруриро дида истодааст.

Хушбахтона дар вилояти Самарқанд гирифторони инфексияи коронавирус бақайд гирифта нашудааст.

 

Ҳоло дар вилоят 1162 нафар шахс ба карантини 14-рӯза гирифта шуда, дар манзилҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, ҳолати ҳамаи онҳо қаноатбахш аст.

Дар рафти рӯз ҳар як шахс аз ташхиси инфексияи коронавирус гузаронида шуда, ягон ҳолати гирифторӣ ба Covid-19 муайян карда нашудааст.

 

Ҳоло бошад барои 570-нафар шахси ба Ватан баргашта истода, дар муассисаҳои тиббӣ ҷой тайёр карда мешавад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий