» » » Оё дар самарқанд ниқоб истеҳсол карда мешавад?


Оё дар самарқанд ниқоб истеҳсол карда мешавад?

Аз сабаби пешгирии воҳимаи аҳолӣ нисбат ба паҳни коронавирус шифокорон ба шаҳрвандон тавсия мекунанд, ки дар ин рӯзҳои карантин дар хона бошанд ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя кунанд.

 


Аз ин рӯ, дар ҶДММ "Зарафшон-текстил”-и шаҳри Самарқанд барои таъмини аҳолиро бо маводи зарурии тиббӣ, ба дӯхтани ниқобҳо сар карданд. Дар корхона дар як рӯз 20-ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ аз зери дастони дӯзандагони моҳир гузашта истодааст.

 

Ниқобҳои дар ду сех дӯхташудаистода ду қабата буда, аз матои пахтагин тайёр карда мешаванд. Ин бошад, яке аз воситаҳои беҳтарини ҳавогузароӣ буда, шахси ниқобпӯшида, тавассути он метавонад озодона нафас кашида, арақ ҳам намекунад.

 

Ҳини сӯҳбат технологи корхона Убайдулло Мавлонов гуфт, ки:

 

-" Мо дар шароити имрӯз истеҳсолоти асосии корхонаамонро қатъ накарда, ба таври ихтиёрӣ барои қонеъ гардонии талаби аҳолӣ ба дӯхтани ниқобҳо шурӯъ намудем. Ниқобҳо дар истифода хеле мустаҳкам буда, илова боз 100-дона тайёр мекунем ”.

 

Қобили зикр аст, ки илова боз 3 рӯзи дигар корхона бо дӯхтани ниқобҳо машғул шуда, бо ин восита талаби зиёди аҳолиро мехоҳанд қонеъ гардонанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий