» » » Озмуни расмкашии бачагон эълон карда мешавад


Озмуни расмкашии бачагон эълон карда мешавад

Мавзӯъҳои асосии озмуни расмкашии  виртуалии "Олами бачагӣ”:

"Тобистон”, ”Кишвари маҳбуб-Ӯзбекистон”, ”Қаҳрамони дӯстдоштаи ман” буда, бо ташаббуси гурӯҳи эҷодии "Аладдин” гузаронида мешавад. Бо мақсади пурмазмунтар гардонии вақти истироҳати бачаҳо дар ин рӯзҳо, гурӯҳи эҷодӣ бори аввал озмуни виртуалии расмкаширо байни дӯстдорони санъати тасвирӣ-бачаҳои аз 4 то 12-сола эълон мекунад.

 


Дар асоси низоми озмуни расмкашӣ, расмҳо дар се самт қабул карда мешаванд: расмкашӣ бо қалам, бо рангҳо ва бо фламастерҳо. Расми тайёрро ба сурат гирифта, дар тарафи дигари он ному фамилияи бача-хурдсоли расмкашида, рақами телефонро навишта фирсонед.

 

Баъди ба охир расидани таътили карантинӣ ҳар як расми фиристодашуда, дар асоси мавзӯъ ҷудо карда шуда, беҳтарин ва арзиши бадеии баланд дошта, бетакрорӣ , ба назар гирифта шуда, ғолибон ба телеклуби "Алтоҳир” дар санаҳои аввали моҳи июн таклиф карда мешаванд.

 

Дар шароити имрӯз, ки бачаҳо имконияти ба мактаб рафтану бо ҳамсинфон вохӯрдан , дар ҳавои тоза сайр карданро надоранд, истифода аз видеороликҳо метавонанд вақти худро бо кашидани расмҳои дилхоҳу зебо ва гуногунмазмун гузаронанд.

 

Дар навбати хеш ин, яке аз воситаҳои беҳтарини муайян намудани иқтидору истеъдоди бачаҳо мебошад. Ҳамчунон метавон гуфт, ки бо ин восита, бачаякон ҳиссаи худро дар нест кардани вирус метавонанд ҳамроҳ кунанд.

 

Ташкили озмуни мазкур тавассути интернет-алоқа  баҳри  пурмазмунтар гузаронидани вақти падару модаронро низ бо фарзандон ва расонидани ёрӣ дар интихоби мавзӯи расм,  аҳамияти калон дорад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий