» » » Соҳибкорони саховатманди Самарқанд ба оилаҳои камбизоат ёрӣ мерасонанд


Соҳибкорони саховатманди Самарқанд ба оилаҳои камбизоат ёрӣ мерасонанд

Дар ин рӯзҳо, ки тамоми оламро пандемияи сирояти коронавирус фаро гирифтааст, дар мамлкати мо Ӯзбекистон барои пешгириву паҳни вирус корҳои амалии зиёд иҷро мегарданд.

Дар баробари ин тадбиркорони саховатманд барои аъзоёни оилаҳои камбизоати ҷамъият дасти ёрӣ дароз мекунанд.

 


Яке аз чунин тадбиркорон, соҳибкор-раиси хоҷагии фермерии "Араб илғор чорводор”-и ноҳияи Самарқанд Илҳом Нарзиқулов буда, бо ташаббуси расонидани ёрӣ ба оилаҳои камбизоат ва ногиронону, якка мондагон баромад. Дар ин кор ба ӯ, фаъолон, ходимони ноҳиявии корҳои дохила, вакилони дин, раисони Шӯроҳои шаҳвандони маҳаллаҳои Саховат, Арабхонаву Нурафшони ноҳияи Самарқанд  ҳамраҳӣ намуда, дар якчанд хонадонҳо шуданд.

 

Ҳамин тавр, дар рафти кори хайриявӣ қариб ба сад оилаҳои камбизоату ногиронон, якка мондагон маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ: картошкаву равған, пиёзу тухум, шакар, ниқобҳову дастпӯшакҳои зиёд тақсим карда дода шуд.

 

Ҳамин тавр, ҳар як шахсе, ки имрӯз барояш маҳсулотҳои муҳими хоҷагии қишлоқ ва воситаҳои нигаҳдории сирояти коронавирус дода шуд, даст ба дуо бардошта, тинҷии мамлакату дунёро карда, ба инсонҳои саховатманд  ниятҳои некро равона мекард. Ба ҳукумату Президенти мамлакат низбарои ингуна ғамхорӣ миннатдории беинтиҳо баён карданд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий