» » » Масҷиди ҷомеъ таъмир карда мешавад


Масҷиди ҷомеъ таъмир карда мешавад

Тибқи фикри куҳансолон масҷиди ҷомеи шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Арабхонаи Марказӣ"-и дар мавзеи Хишрави шаҳри Самарқанд ҷой гирифта, ки аҳолии маҳаллаҳои  шӯроҳои шаҳрвандони "Нуробод", "Юқори Арабхона", "Қуйи Арабхона ", маҳаллаи "Хишрав" ва маҳаллаи ҳамсояи "Урганҷӣ"-ро муттаҳид мекунад,  таи солҳои охир бо шарофати истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон батамом аз нав таъмир карда шуда, ба маркази маърифатӣ-маънавиятӣ табдил ёфтааст.

 

 

 

Агар 6-7 сол муқаддам аҳолии атрофи зисти масҷид дар рӯзҳои иду рӯзҳои таърихии Ватан дар дохил ва беруни масҷид пурра ҷойгир шуда, иду айёмҳои миллиро мегузаронида бошанд, имрӯзҳо бо зиёд гаштани аҳолӣ, бо кӯмак ва дастгирии мардуми таҳҷоӣ ва саҳҳомон, тадбиркорон илова, айвони калон бунёд карда шуда, атрофи масҷиди ҷомеъ сарсабзу хуррам гардонида шуд.

 

Ҳоло бошад, корҳои бозсозӣ давом ёфта, дар дохили масҷид бо кӯмаки тадбиркорони саховатманд фарши гарм сохта шуда истода, устоёни гулдасти маҳалла барои тарҳи нав бахшидан ба масҷид пайваста меҳнат мекунанд.

 

Гулҳои рангорангу ороишотӣ дарахтони манзаравӣ бошад, барои ободонӣ ва минбаъд ҳам шинаму зеботар гаштани масҷиди ҷомеъи маҳаллаи "Арабхонаи Марказӣ" нақши муҳим мебозанд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари ин ҳама корҳои азнавсозиву таъмирӣ барои оилаҳои камтаъмин, фарзандони бепарастор монда хӯрокворӣ тақсим карда шуда, оянда баъди итмоми корҳои тармимӣ ният доранд, барои халқ тадбири хайриявӣ ташкил кунанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий