» » » Баргузории конфронси онлайнӣ дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд


Баргузории конфронси онлайнӣ дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд

Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида бу рӯзи ходимони Васоити Ахбори Омма, ки сани 27-июн гузаронида мешавад, конфронси онлайнӣ гузаронида шуд.

 


Тадбир дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи вилоятии иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон , Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, маркази миллӣ-мадании Тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд, таҳририяти рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” ташкил карда шуд.

 

Тадбирро раиси шӯъбаи вилоятии иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаҳои "Зарафшон” ва  "Самарқандский вестник” Фармон Тошев ифтитоҳ бахшид.

Сипас, Қаҳрамони Ӯзбекистон, ҷонишини сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оилаҳои вилоят Ҳасан Нормуродов дар бораи фаъолияти таҳририят ва китоби тозанашри "Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз”, ки чанде пеш аз тарафи таҳририяти рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” аз нашр бароварда шуда буд, истода гузашта ба фаъолияти мухбирони рӯзнома комёбиҳо таманно намуд.

 

Сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов дар бораи мазмун ва мундариҷаи китоби "Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз” маълумот дода, оиди нақши рӯзноманигорон дар пешрафти ҳаёти имрӯзи ҷомеа, мавқеи онҳо дар баррасии ахбор сухан кард.

 

Баъд ба муносибати иди касбии ходимони ВАО, ки санаи 27-июн қайд карда мешавад, ба як гурӯҳ мухбирони фаъоли ҷамоатӣ аз тарафи таҳририяти "Овози Самарқанд” ташаккурнома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.

 

Дар хотима қайд карда шуд, ки мухбирон, журналистон ҳамеша бояд ҳамнафасу ҳамқадами замон бошанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий