» » » Янгиариқиҳо омадани гази табииро мунтазиранд, аммо...


Янгиариқиҳо омадани гази табииро мунтазиранд, аммо...

Сабаби рафтани мо ба маҳаллаи Янгиариқ-1-и ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд  ба таҳирияти мо омадани аризаи истиқоматкунандагони маҳаллаи номбурда гардид.

 


Дар он навишта шудааст, ки мана дар бадали зиёда аз чаҳор сол мешавад, ки дар маҳалла умуман гази табиӣ набуда, аҳолӣ дар азият аст.

 

Агар дар  ноҳия Самарқанд 74-то маҳалла мавҷуд бошад, аз онҳо ба 32-маҳалла гази табиӣ дода шуда, дар 42-маҳаллаи дигар, ба аҳолӣ баллонҳои газӣ расонида мешавад.

 

Дар маҳаллаи Янгиариқ-1  зиёда аз 6 ҳазору 250-нафар аҳолӣ зиндагонӣ карда, дар рафти сӯҳбат оиди масъалаи сарзада сокинон фикри худро баён намуданд...

 

Дар навбати худ бурида шудани қубурҳои газӣ дар ин маҳалла  доир ба гази моеъ мутобиқ карда шудан дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 7-июли 2015-ӯм таҳти рақами 2367 ва қарори ҳокимияти вилояти Самарқанд аз санаи 10-августи соли 2015-ӯм таҳти рақами 174  иҷро гардидааст.

 

Дар ин асос гази табиӣ ба хонаҳои серошёнаи дар маҳаллаҳои навбунёди маркази ноҳия сохташуда, гузаронида шудааст. Барои сокинони маҳаллаи Янгиариқ-1 бошад, гази моеъ дар баллонҳо дода мешавад...

 

Умед дорем, мутассадиён ба ин масъала боз баргашта, талаби аҳолиро беҷавоб намемонанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий