» » » Дирӯз бахшида ба рӯзи ходимони Матбуот ва Васоити Ахбори Омма маросими мутантан баргузор гардид


Дирӯз бахшида ба рӯзи ходимони Матбуот ва Васоити Ахбори Омма маросими мутантан баргузор гардид

Дар он ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов иштирок ва сухан карда, дар бораи саҳми ходимони Матбуот ва Васоити Ахбори Омма дар баррасии ислоҳотҳои ҷабҳаҳои гуногуни халқ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ, инъикоси холисонаи ҳодиса ва воқеаҳо дар замони башаригардӣ истода гузашт.

 

 


Сипас, ба як гурӯҳ пешқадамони  соҳаи матбуот ва ахбори омма, ҷонфидоён ва фаъолон ифтихорнома ва  тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоят тақдим карда шуд.

 

Хурсандибахш аст, ки байни тақдиргардонидагон мухбири рӯзномаи вилоятии "Зарафшон"  Гулрух Мӯъминова ғолиби озмуни республикавии "Журналисти фаъоли соли 2020" низ вирди забон карда шуда, аз тарафи ҳокимияти вилоят бо тӯҳфаи хотиравӣ ва ифтихорнома мукофотонида шуд.

 

Барномаи консертии аз тарафи санъаткорони вилоят омодакардашуда, давраро ҳусни тоза бахшид.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий