» » » Ё ВОСИТАИ ДЕЗИНФЕКСИОНИИ ProGreen ДЕЗ-8, Ё ХЛОР


Ё ВОСИТАИ ДЕЗИНФЕКСИОНИИ ProGreen ДЕЗ-8, Ё ХЛОР

То соати 12.00-и рӯзи вақти маҳаллӣ дар вилояти Самарқанд адади гирифторони сирояти COVID-19 ба 451-нафар расида, дар як шабонарӯз ба 17-нафар сироятёфта зиёд гаштааст. 14-ҳолати сироят байни ашхоси дар карантин буда муайян гардида, 3-ҳолат аз байни аҳолӣ ба рӯйхат гирифта шудааст. Адади шифоёфтагон бошад, дар вилояти Самарқанд ба 393-нафар расида, айни ҳол 56-бемор дар ҷараёни табобатгириянд.

 


Моҳи июн баъди эълони рӯйхати корхона ва ташкилотҳои дар ҳолати пандемия ба кор шурӯъ карда, дар вилоят муассисаҳои зиёд ба кор даромада, дар роҳгузар ва даромад ба манзил "туннел”-ҳои дезинфексионӣ бо истифодаи маҳлули махсус миҷозонро қабул мекунанд.

 

Маълуматон, ки бо мақсади пешгирии сирояти зиёд байни аҳолӣ бо коронавирус аз санаи 1-июли соли равон чораҳои карантин дар Ӯзбекистон боз ҳам пурзӯр карда шуд.

 

Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи истифодаи кадом воситаи дезинфиксионӣ беҳтар ва фоидабахштар дар "туннел”-ҳои дезинфексионӣ мо ба маркази осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии вилоят роҳ пеш гирифтем.

 

Дар сӯҳбат сардухтури маркази осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии вилояти Самарқанд Хайрулло Боймуродов дар бораи истифодаи таъсирнокии воситаи дезинфексионии ProGreen ДЕЗ-8 дар "туннел”-ҳои дезинфексионӣ маълумот расонид...

 

Мегӯянд саломатии мо дар дасти худи мост, амалан ба ин гуфтаҳо, риоя ба қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ҳар яки моро аз ин бемории хавфноки оламро фаро гирифта нигаҳ медорад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий