» » » Дар оғуши ин манзараи зебои бетакрори табиат, дар назди соҳили Қорасув, мана соли дуввум аст, ки сиҳатгоҳи курортии "Далермедсервис" амал мекунад.


Дар оғуши ин манзараи зебои бетакрори табиат, дар назди соҳили Қорасув, мана соли дуввум аст, ки сиҳатгоҳи курортии "Далермедсервис" амал мекунад.

Ҳамагӣ дар бадали ним соати роҳ кас ба муҳити олиҷаноби шаҳраки Қутирбулоқ мерасад, аз буйи гулу себарга ва ҳавои тозаву буғубор ин манзили зебо ҳаловат бурда, мафтун мегардад.

 


Ҳол он, ки чанд вақт пеш ин манзил як ҷойи бекорхобида буд. Ташаббускорони ин маскани шифоӣ дар натиҷаи заҳматҳои бисёру  саъю кӯшиши зиёд ҳаракат карданд, барои миҷозон-беморони касалиҳои кардиологӣ, неврологӣ, гинекологӣ ва ғайра тамоми шароитҳоро муҳайё намоянд.

 

Танҳо дар як худи соли гузашта, зиёда аз ҳазор нафар шахс ба маркази табобатӣ ташриф намуданд.

Сиҳатгоҳи мазкур дар якуним гектар майдон ҷой гирифта, дар ҳудуди он блоки сеошёнаи ҷои хобдор барои 40-кас мавҷуд аст.

 

Дар ҳар як хона мебелҳои замонавӣ, кондисионер, телевизор гузошта шудааст.

Аз мансардаи маркази шифоӣ пеши назар манзараи сабзу ҷоришавии обу табиати хеле ва хеле зебо ҷилвагар мешавад.

 

Истироҳаткунандагон барои тандурустии худ аз 20-намуди хизматҳои тиббӣ метавонанд истифода баранд: терапияи ултразвукӣ, парафинотерапия, электрофорез, дарсонваль, кашидани компютерии сутунмӯҳра, лазеротерапияи банду буғумҳои зону,табобат бо шуллук ва хидҷама.

 

Дӯстдорандагони терапияи обӣ метавонанд аз саунаи финӣ истифода бурда дар ҳавзи шиноварии дорои аэромассаж, гидромассаж, джакузӣ  баҳра гиранд.

 

Сиҳатгоҳи «Daler Med Servis» дар баробари сиҳатгоҳҳои аврупо ба миқозони худ хизмати тиббии босифат расонида, дар роҳрави ҷониби Боғизоғони вилояти Самарцанд ҷойгир шудааст.

Дар сиҳатгоҳ метавонед, ҳам истироҳат карда аз зебоии табиати мафтункор баҳра баред ва ҳам табобат гиред.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий