» » » Бунёди иншоотҳои муҳим идома дорад


Бунёди иншоотҳои муҳим идома дорад

Бо риоя ба ҳамаи қоидаҳои карантин баҳри иҷрои дастури давлатӣ оид ба бунёди иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ  дар ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд корҳои бунёдкориву сохтмонӣ бурда шуда истодаанд.

 


Аз ҷумла, дар муассисаи умумтаълими миёнаи № 29-ӯми деҳаи Рустамқишлоқи ноҳияи Самарқанд дар асоси дастури давлатӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сӯм, бунёди толори варзишӣ идома дорад. Қобили зикр аст, ки ин даргоҳи умумтаълим соли 1929 сохта шуда, аз 2 корпуси хонишӣ иборат аст.

 

 Моҳи майи соли равон бо мақсади иҷрои дастури давлатӣ аз тарафи ҶДММ "Энженеринг қурилиш"-Самарқанд  корҳои сохтмонӣ дар мактаби мазкур оғоз гардида, аллакай, 70 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.

 

Ҳамин тавр, дар деҳаи Хаймари болои ноҳия ҳам, корҳои сохтмонии боғчаи бачагонаи рақами 10-ӯм дар масоҳати 0, 5 гектар замини пешинаи боғчаи кӯҳна бурда мешавад.

 

 Корҳои сохтмонӣ аз тарафи корхонаи хусусии "Бадал қурилиш маҳсулот " моҳи майи соли равон сар карда шуда, то вақти имрӯз қариб 80 фисади корҳо аз ҷумла: бунёди 3-хобгоҳ, 2-толори барҳаво, 2-ошхона, бассейн, 6-то биседка-яъне нишастангоҳи тобистона барои хурдтаракон, амборхонаҳо ба охир расонида мешаванд.

 

Корхонаи хусусии "Темир бетон монтаж"-и шаҳри Самарқанд корҳои сохтмониро дар муассисаи умумтаълими миёнаи рақами 2-и ноҳияи Самарқанд  як моҳ қабл оғоз намуда, дар ҷойи бинои фарсудаи ин даргоҳи илмомӯзии пешина, хонаи дуошёнаи дорои 6-синфхонаву 2 кабинети кимиё ва як утоқи физика, манораи обиву панҷараҳои замонавӣ, ҳоҷатхона бунёд менамоянд. Оянда дар ин бино зиёда аз 240-нафар талабагон метавонанд таҳсили илм намоянд.

 

Минбаъд, бе муболиға метавон гуфт, ки дар ноҳияи Самарқанд баҳри иҷрои дастури давлатии бунёди иншоотҳои нави замонавӣ ва ободонии мавзеъ корҳои азими назаррас амалӣ мегарданд.

Дар гузоришҳои минбаъда мо боз ба ин мавзӯъ бармегардем.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий