» » » Дар театри драмаи мусиқии Самарқанд намоиши спектаклҳои онлайнӣ дар кадом сатҳ аст


Дар театри драмаи мусиқии Самарқанд намоиши спектаклҳои онлайнӣ дар кадом сатҳ аст

Дар асоси қарори Девони Вазирони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 5-январи соли 2018 таҳти №9-ӯм "Оид ба рушди дастури мустаҳкамнамоии базаи моддӣ-техникии театрҳо барои солҳои 2018-2020 ва фаъолияти минбаъдаи онҳо” конференсияи онлайнӣ дар мавзӯи "Театри мо” гузаронида шуд.

 


Дар он намояндагони театрҳои вилоятҳои республика иштирок карданд.

Маълуматон, ки театри драмаи мусиқии вилоят соли 1914-ӯм ташкил карда шуда, дар миёси ҷумҳурӣ мақоми худро дорад. Дар театр анъанаи "устод ва шогирд” амал карда, ҳунарпешагони ботаҷриба барои  тарбияи ҷавонон ва ба камол расонидани артистони бомаҳорат пайваста меҳнат мекунанд.

 

Аз ин рӯ, Ба суханбаромадагон аз ҷумла: ҳунарпешагони хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меҳрӣ Ҳакимова, ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Раҳимов

ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳрулло Раҳимов, соҳиби медали Шӯҳрат Гулистон Ҷабборова, роҳбари театр Камолиддин Қорҷавовҳо ва менеҷери театр Одилҷон Бойназаровҳо дар бораи таърихи театр, дирӯз ва имрӯзи он, дар бораи тайёр намудани спектаклҳои шавқовар дар шароити пандемия ва давом додани анъанаи "театр ва ҷавонон” тайёр намудан ва  тарғиби спектаклҳо барои сайёҳон, омода намудани баннерҳои ташвиқотӣ барои ҷалби шаҳрвандонро ба театр, рушди мактаби маҳорати актёрони ҷавони Самарқанд, нақши театр дар ҳаёти инсон, мустаҳкамнамоии базаи моддӣ-техникии театр сухан карданд.

 

Дар конференсияи онлайнӣ роҳбари садорати рушди санъати сирк ва театри Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муқаддас Ахмедҷонова иштирок намуда, фикри худро дар бораи кор дар шароити пандемия баён кард.

 

Дар хотима намояндагони театри ватанӣ аз вилоятҳои республика фикри худро дар бораи баргузории ин гуна конференқияҳо ва аҳамияти он баён намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои аниқ ва мушаххас гирифтанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий