» » » Ҳамватанони мо баъди бозгашт аз сафар, карантинро дар куҷо ва дар чӣ гуна шароит мегузаронанд?


Ҳамватанони мо баъди бозгашт аз сафар, карантинро дар куҷо ва дар чӣ гуна шароит мегузаронанд?

Барои карантини 14-рӯзаи шаҳрвандони аз давлатҳои хориҷа омадаистода, маҷмӯаи замонавӣ бо тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда истодааст.

 


Дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 306 аз санаи 20-майи соли 2020-ӯм ва қарори ҳокими вилоят таҳти рақами 112-К аз санаи 23-майи соли равон дар ҳудуди вилояти Самарқанд маҷмӯаи муваққатии карантинӣ барои 1000 кас ва шифохонаи махсуси дорои 100-ҷой дар паҳлӯи қисми ҳарбии рақами 37-ӯми Самарқанд сохта шуда истодааст.

 

То вақти имрӯз дар майдони қариб 10 гектар замини бекорхобида, 145-то контейнерҳо гузошта шуда, атрофу роҳвари он ба масофаи 1300 км мумфаш-яъне асфалтпӯш карда шудааст.

 

Тибқи фикри сохтмончиён мана дар тӯли 45-рӯзи корӣ қариб 70 фоизи корҳо иҷро карда шудааст. Дар дохили ҳар як контейнер 4-тоӣ рахти хоб бо ҷойпӯш ва ҷилди болишт, телевизор, хонаи махсус барои оббозӣ, ҳавлича барои гаштугузор кардан ва дар худи ҳамон ҷо рафҳо барои ҷомадон тайёр карда шудааст.

 

Тавре баён намудем, контейнерҳо барои 1000 кас ҷой дошта, якчанд утоқҳои ҷудогона барои шифокорон низ мавҷуд аст.

 

Қобили зикр аст, ки барои обҳои канализатсионӣ, берун аз маҷмӯа  ҷой ҷудо карда шуда, хонаи партовҳо ҳам сохта мешавад. Аниқтараш оби канализатсия пурра филтр-безарар карда мешаванд.

 

Дар шафати контейнерҳо блок-хонаи махсус барои нигаҳдорӣ ва тайёр намудани хӯрок ва ҷомашӯйхона сохта мешавад. Устоён дар ду ва се баст яъне смена меҳнат карда, корҳои ободонии атрофи бинои мазкур ва дохили онро давом дода истодаанд.

 

Роҳи нақлиётии байни шаҳри Самарқанд ва маҷмӯаи карантинӣ аз 10 то 15 километрро   ташкил дода, аз тарафи садорати ободонии ноҳияи Паст Дарғами вилояти Самарқанд ҳамвор карда шуда истода, зина ба зина асфалтпӯш карда шуда истодааст. Дар ин самт ҳам кор дар авҷ аст.

 

Дар назар дошта шудааст, ки то аввали моҳи августи соли равон ин иншооти муҳим пурра ба истифода супорида мешавад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий