» » » Бунёди шифохонаи замонавӣ дар Самарқанд


Бунёди шифохонаи замонавӣ дар Самарқанд

Минбаъд дар Самарқанд сироятёфтагон аз коронавирус дар як манзил-аниқтараш дар шифохонаи нави замонавӣ табобат мегиранд.

 


Манзили номбурда, мутобиқ ба талабҳои замон бунёд карда шуда, аз ду корпуси калони шифоӣ ва утоқҳои ташхисии тиббӣ иборат аст.

 

Аз гузоришҳои мо маълуматон, ки дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 306 аз санаи 20-майи соли 2020-ӯм ва қарори ҳокими вилоят таҳти рақами 112-К аз санаи 23-майи соли равон дар ҳудуди вилояти Самарқанд маҷмӯаи муваққатии карантинӣ ва шифохонаи махсуси дорои 100-ҷой сохта шуда истодааст.

 

Ҳамин тавр, дар майдони 18 гектар замини ҳудуди ҳарбии маҳаллаи "Ватанпарвар"-и шаҳри Самарқанд корҳои сохтмонии шифохонаи дорои 100-ҷой оғоз аз моҳи июли соли равон сар карда шуда, дар иншооти сохтмонии мазкур то вақти имрӯз зиёда аз 150-нафар коргарон дар ду баст-яъне смена кор бурда истодаанд.

 

Қобили зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ наздики 20-адад техника истифода бурда шуда, пеш аз сохтани асоси бино, таҳкурсии он дар баландии қариб 3 метр бо хок пур карда шуда, қабатҳо сахт карда шуда, баъдан биноро бардоштаанд.

 

Деворҳои шифохона бо истифода аз маҳсулоти сохтмонии конструксияи сабуки пурқуввати замонавии сенвич панел, бомаш аз профнастил тунука  ва тирезаҳои акфа ромҳои  пластикии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ  бунёд мегардад.

 

Тавре мебинед, сохтмончиён бо ҷидду ҷаҳд кор карда истода, аллакай, биноро бо дарозии 116-метр ва бари 18-метр сохта, хонаҳои алоҳидаро бо пайванди хати барқӣ, коммуникатсионӣ, обу канализатсия шакли умумӣ додаанд.

 

Фарши ҳар як хона бо таҷҳизоти махсуси замонавии гармидиҳанда пӯшида шуда, деворҳои байни хонаҳо бо масолеҳи замонавии бо ном "плиточная вата" ва "мини вата"-яъне ғалтак ва плитаи махсуси сохтмонии мулоими пахтагин мустаҳкам гардонида мешаванд.

 

Ҳини сӯҳбат намояндаи Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тоҳир Алиматов гуфт, ки дар миқёси республика танҳо дар шаҳрҳои Наманган, Самарқанд, Термез ва Нукус чунин шифохонаҳои замонавии мутобиқ ба стандартҳои замон бунёд мегардад.

 

Ҳоло бошад, дар ин иншооти муҳим кор дар авҷ буда, сохтмончиён шабурӯз меҳнат мекунанд. Дар назар дошта шудааст, ки то моҳи августи соли равон шифохона пурра ба истифода супорида мешавад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий