» » » Аз истеҳсоли пашми босифати гўсфандони насли парвоии “меринос” то бофтани гилемҳои дастй


Аз истеҳсоли пашми босифати гўсфандони насли парвоии “меринос” то бофтани гилемҳои дастй

Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазорати адлияи республика дар бораи аз ҳисоби буҷаи  давлатӣ чудо кардани субсидия ба хоҷагиҳое, ки маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол мекунанд, маълум мекунад. Назорати амалӣ кардани ин қарор бар зиммаи Агентии "Ӯзбекчорвонасл” гузошта шудааст.

 


Дар қарор гуфта шудааст, ки оғоз аз санаи 15-июли соли равон ба шахсоне, ки аъзои Ассосиатсияи "Ўзбекипаксаноат” буда, бо гилембофӣ шуғл меварзанд, барои харидани станок-дастгоҳҳои гилембофӣ ва шоҳибофӣ субсидия ба миқдори 10 баробари баробар ба музди муайянкардашудаи кор барои ҳар як станок-дастгоҳ (2, 23 миллион сўм) дода мешавад.

 

Дар баробари ин агар соҳибкорон бофтани қолинҳои дастиро бо истифода аз пашми гўсфандони парваридашудаи насли "меринос” ва бузҳои насли парвоии "ангор” ба роҳ монанд, аз тарафи ҳукумат ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд. Инчунин дар назар дошта шудааст, ки баъди пурра ба роҳ мондани ин самт дар миқёси республика ва бофтани гилемҳои дастии босифат ин маҳсулоти ватанӣ ба давлатҳои хориҷа экспорт карда мешавад.

 

 Ҳамин тавр, мо барои фаҳмидани фикри гилембофон оиди қарори мазкур ба хонадони яке аз гилембофони деҳаи Бадали шаҳри  Самарқанд, Дилдора Ҷалилова, рафтем.

 

Мана даҳ сол мешавад, ки Дилдора Ҷалилова дар корхонаи муштараки "Самарқанд-Бухоро-Ипак гилем” кор карда, дар шароити пандемия маъмурияти корхона станок-дастгоҳро ба хонааш расонидаанд ва қолинбоф корро дар хона давом медиҳад.  

 

Гилембоф ҳар саҳарӣ пеш аз сар кардани кор дар станок-дастгоҳи гилембофӣ, аввал кори хонаашро иҷро карда , баъдан сари дастгоҳ менишинад.

 

Қобили зикр аст, ки қолинбофӣ заҳмату диққати бисёрро талаб мекунад, нусхаи гилеми бофтаистодаи Дилдора бошад нусхаи нодири асри 16-18-ӯм буда, "Пои сурх "ном дорад.

Барои ҳамин гилембоф ҳар як сантиметри гилемро бо диққат медӯзад, то ки нусхаи интихобӣ мисли пешинааш бетакрор бошад. Аз дода шудани имконияти дӯхтани қолинро дар хона ӯ хеле хурсанд аст. Чунки мегӯяд, ҳунари волои хешро метавонад ба фарзандонаш низ омӯзонад.

 

Дилдора Ҷалилова ба саволи фикри Шумо дар бораи қарори Президенти мамлакат оиди дода шудани субсидия ва харидани станок-дастгоҳи шахсӣ гуфт, ки қарори мазкур саривақтӣ буда, минбаъд бо аҳли оила маслиҳат карда, мумкин аст дастгоҳ бихаранд ва дӯхтани гилемҳои дастиро давом диҳанд.

 

Умед дорем, ки оянда ин гилембофи бомаҳорат соҳиби станок-дастгоҳи шахсй шуда, барои меҳмонони шаҳр ва садҳо нафар сайёҳони хориҷ маҳсулоти босифати олиро пешниҳод мекунанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий