» » » Баргузории тақдимоти рисолаҳои нави маркази илмӣ-тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ


Баргузории тақдимоти рисолаҳои нави маркази илмӣ-тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ

Дар маркази илмӣ-тадқиқотӣ байналхалқии Имом Бухории Самарқанд конференсияи онлайнии илмӣ-амалии тақдимоти рисолаҳои нави марказ доир гашт.

 


Онро директори маркази номбурда Шовосил Зиёдов сарварӣ намуда, дар бораи аз тарафи ходимони илмии маркази илмӣ-тадқиқотии байналхалқӣ навишта шудани чаҳор китоб: "Имом Бухорӣ изидан”, "Илмдан бошқа наҷот йӯқ”, "Исломда иҷтимоиӣ иллатлар муолаҷаси” ва "Отан-она-ҳикмат, фарзанд-чироқ” маълумот дод.

 

Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз санаи 27-марти соли 2017-ӯм оиди "Дар назди Девони Вазирон ташкил намудани маркази илмӣ-тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ”, дар бораи ташкили сохтори тадқиқотҳои илмӣ ва омӯзишу баррасии мероси ғании мутафаккирони кишвари мо ба оламиён сухан меравад.

 

Аз ин рӯ, бо мақсади иҷрои қарори мазкур ва омӯзиши чуқури мероси бойи мутафаккирони сарзамини мо, муайян намудани саҳми онҳо дар тараққиёти илму маърифат ва сивилизатсияи ҷаҳонӣ, нашри матнҳои қиёсӣ ва тарҷумаи асарҳои илмии олимон, аз тарафи ходимони илмии маркази байналхалқӣ, дар конференсияи онлайнӣ ҳарф зада шуд.

 

Ҳамин тавр, хонандагон имрӯз метавонанд аз китобҳои номбурда дар бораи  ҳаёт ва фаъолияти султони илми ҳадис Имом Бухорӣ, мутафаккирони бузург Имом Термизӣ, Имом Мотрудӣ ва дигарон нақши дини ислом дар тараққиёти ҷамъият ва аҳамияти илмомӯзӣ, тавсияҳои муҳим барои тарбияи дурусти фарзандон ва ташаккули шахси бомаърифат, тарғиби ҷавононро ба китоб ва китобхонӣ ва ғайра маълумотҳои саҳеҳ ва мушаххас гиранд.

 

Дар хотима аз тарафи иштирокчиён пешниҳоди паҳни рисолаҳои номбурдаро байни хонандагони муассисаҳои умумтаълим ва даргоҳҳои оливу умуман халқи мо карда шуда қайд гардид, ки ин масъала  ҳалли худро хоҳад ёфт...

 

Қобили зикр аст, ки китобҳои дар боло вирди забон карда ,дар ҳамкорӣ бо маркази маънавият ва маърифати республика аз нашр бароварда шуд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий