» » » Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати хоҷагии қишлоқ


Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати хоҷагии қишлоқ

Дар баробари содироти маҳсулоти хушсифати хоҷагии қишлоқ ба давлатҳои хориҷ, навъҳои беҳтарини мева ва сабзавот барои бозори дохилӣ парвариш карда шуда, бо нархҳои арзон фурӯхта мешавад.

 


Коргарони хоҷагии фермерии  "Зебуннисо боғлари”-и ноҳияи Самарқанд, ҳамеша аз саҳарии барвақт  ҷӯякҳои байни қаториро аз алафҳои бегона тоза мекунанд, то ки пиёзҳои навкишта, босифаттару бисёртар рӯяд.

 

Агар масъулини хоҷагии фермерии номбурда аз соли ташкил, яъне соли 2010-ӯм ҳамагӣ бо 4-нафар аъзои хоҷагй дар 9 гектар замин бо парвариши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ корро оғоз карда бошанд, то имрўз масоҳати ин заминҳо дар асоси қарорҳои махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастгирии соҳибкорон, боз ба 2 баробар зиёд карда шуд.

 

Деҳқонони хоҷагӣ баъди гирифтани ҳосили бисёри  ғалла аз 2 гектар замин ва иҷрои нақшаи солонаро ба 110 фоиз, дар асоси қарори сарвари мамлакат оид ба кишти такрории маҳсулотҳо хоҷагии қишлоқ картошкаи навъи сантаро ба ҷои ғалла кишт карда , дар фасли тирамоҳ нияти гирифтани ҳосили зиёдро доранд.

 

Бо ин бошад, бозори дохили вилоятро бо картошкаи хушсифат дар фасли тирамоҳ таъмин мегардонанд.

 

Ҳамасола ангурҳои навъи тоифӣ, кишмиши сиёҳ ва ризомату ҳусайнӣ ҳосили фаровон дода, соли равон нисбат ба соли гузашта,  нақшаи супориши ангур ба давлат аз сад фоиз зиёдтар иҷро карда шудааст.

 

Ҳини сӯҳбат идоракунандаи корҳои хоҷагии фермерии "Зебуннисо боғлари”-и ноҳияи Самарқанд Обод Ҷалолов ба мо майдони кишти тарбузро нишон дода гуфт, ки аз ин майдон, аллакай, тарбузҳои болаззат гирифта, оянда дар баробари  дигар маҳсулотҳои полизӣ мехоҳанд, тарбузҳои ширинро ҳам зиёд намуда, бо ин саховати бебаҳои модар-замин аҳолии шаҳрро таъмин намоянд.

 

Қобили зикр аст, ки то вақти имрӯз дар ноҳияи Самарқанд 650-то хоҷагиҳои фермерӣ амал карда, деҳқонон барои пурнозу неъмат гардонидани дастурхони шаҳрвандон пайваста меҳнат мекунанд.

 

Боз як илова, агар аз сад фоизи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 50 фоизи он ба давлати Россия экспорт карда шавад, боқимонда 50 фоизи  маҳсулоти хушсифат дар шароити имрӯзи пандемияи ҷаҳонӣ ба бозорҳои дохилӣ тақсим карда мешавад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий