» » » Кори хайрро ҳар рӯз ҳар кас бояд кард


Кори хайрро ҳар рӯз ҳар кас бояд кард

Ин рӯзҳои карантинӣ Самарқанди куҳанбунёд хеле орому сокин буд ва дар тӯли се рӯз ҳамдиёрони мо Иди саиди Қурбонро дар оилаҳои худ гузарониданд.

 


Қаҳрамони лавҳаи мо, Матлуба Тӯхтаева, ду сол муқаддам се гӯсфанд харида, то соли равон онҳоро бонӣ намуда, ба 8-то расонид.

 

Ҳини сӯҳбат апаи Матлуба гуфт ки шахсе, ки гӯсфанд парвариш мекунад, дар хонадони ӯ барака мешавад.

 

-" Ман баррачаи соли гузашта таваллудшударо бо нияти қурбонии имсола парвариш кардам. Мана имсол ба ниятам расидам".

 

Мувофиқи анъанаи миллӣ дирӯз бисёре аз ҳамдиёрони мо дар роҳи оллоҳ қурбонӣ карданд.

Тибқи фикри ҷонишини саримомхатиби вилояти Самарқанд Хайрулло Сатторов шахсе, ки қурбонӣ мекунад ва хуни ҷонзод дар ин рӯзҳо ба замин мерезад, савоби калон мегирад.

 

Гӯшти қурбоникардашуда бошад, ба се қисм ҷудо карда шуда, як қисмаш барои соҳибхона, қисми дуввум барои ҳамсоягон ва қисми саввум барои аҳли оилаҳои камбизоат дода мешавад

Азбаски соли ҷорӣ соли пурмашаққат омад, дар бисёре аз хонадонҳо дар шароити пандемия таъмини оиларо бо маводи лозимаи хӯрокворӣ мушкилоте пеш омад, барои ҳамин ин гуна корҳои хайру саховат барои оилаҳое, ки гӯшти қурбонӣ дода шуд, айни муддао гашт.

 

Аз ин рӯ, Матлуба Тӯхтаева гӯштҳоро ба оилаҳои камтаъмини маҳали зисти хеш "Ёшлик" ҳам тақсим карда гуфтанд, ки дини муқаддаси мо тавассути чунин корҳои босавобу хайру саховат ба мустаҳкамгардии меҳру оқибат байни инсонҳо ҳидоят мекунад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий