» » » Барои абитуриентон ба имтиҳони тестӣ 2 соат вақт дода мешавад


Барои абитуриентон ба имтиҳони тестӣ 2 соат вақт дода мешавад

Маълуматон, ки барои имтиҳони тестӣ ба даргоҳҳои олии республика ду соатӣ вақт дода шуда, имтиҳонҳо дар ду смена-навбат, дар тӯли 12-14-рӯз гузаронида мешаванд.

 


Маълуматон, ки санаи 6-августи соли 2020-ӯм дар рафти маҷлиси машваратӣ Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои ташкилу қабул ба даргоҳҳои олии республика  баромад карда буданд.

 

Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки соли равон барои таълим дар мактабҳои олии республика 162 ҳазору 364 ҷой барои бакалавриат ва 10 425 ҷои дигар барои магистратура ҷудо карда шудааст.

Ба 91-то даргоҳҳои олии республика аз 1 миллиону 484 ҳазор нафар довталаб ҳуҷҷат қабул карда шуда, ба ҷои ҳар як донишҷӯй 10, 6 нафарӣ мувофиқ меояд.

 

Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев таъкид намуданд, ки имтиҳонҳои тестӣ  бояд дар ҷойҳои бехатару кушод таҳти назорати мутасаддиёни соҳаи эпидемиологӣ ва зиддисироятӣ гузаронида шавад.

 

Барои ин ба мутасаддиёни Вазорату муассисаҳои таълими олӣ, гвардияи Миллӣ, Вазорати маданият ва тарбияи ҷисмонӣ, Хизмати бехатарии миллӣ, ҳокимиятҳову дигар мутасаддиёни соҳа вазифаи таъмини бехатарӣ ва шаффофияти имтиҳонҳои тестӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ гузошта шуд.

 

Аз ин рӯ, барои равшанӣ андохтан ба чандеи аз масъалаҳои имтиҳони тестӣ мо бо проректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Адҳам Солеев ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи манзили баргузории  имтиҳонҳои қабул, миқдори довталабон, шароити имтиҳонгузаронӣ дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ва дар бораи соати рафти имтиҳонҳои тестӣ  пурсон шудем.

 

Қобили зикр аст, ки ин олигоҳи Самарқанд байни даргоҳҳои олии республика бонуфузтарин таълимгоҳи олӣ буда ҳоло дорои 18-факултет мебошад.

 

Проректор дар давоми сухани хеш ба саволи барои чӣ имтиҳонҳо чун имтиҳонҳои пешина се соат нагузашта, ду соат давом мекунанд, чунин гуфтанд:


-Азбаски  соли равон имтиҳонҳо ба таври дигару дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ мегузаранд, аз се не, балки аз ду фан тест қабул карда шуда, саволҳо осон карда шудаанд. Барои ҳамин рафти имтиҳонҳо дар ду соат муайян карда шудааст. Ғайр аз ин, аз арафи вазорати таълими оллии республика байни 110-то стадионҳои мамлакат 55-тои он интихоб карда шуда, дар Самарқанд ҳам 5 стадион муайян гардидааст....

 

Умед дорем, ки соли равон дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ имтиҳонҳои тестӣ ба таври хуб мегузаранд ва довталабон номи бошарафи донишҷӯиро гирифта, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқи меҳан барои рушду нумӯи кишвари маҳбуб хизмат мекунанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий