» » » Ба аҳолии маҳаллаҳои ноҳияи дурдасти вилоят ёрии амалӣ расонида шуд


Ба аҳолии маҳаллаҳои ноҳияи дурдасти вилоят ёрии амалӣ расонида шуд

 

Ба аҳолии маҳаллаҳои ноҳияи дурдасти вилоят ёрии амалӣ расонида шуд

 

Аз ҷумла, барои оилаҳои камтаъмин ва камбизоати деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд ҳам дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 30-июли соли равон "Оид ба чораҳои иловагии дастгирии моддии оилаҳои мӯҳтоҷи ёрӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ буда, дар шароити имрӯзи пандемияи ҷаҳонӣ”  ба 445 оилаҳои аҳволи вазнини зиндагонӣ доштаи ба  "дафтари оҳанин” дохил карда шудаи ноҳияи Самарқанд, аз  буҷаи давлат ба миқдори 220 000 сӯм кӯмакпулии як маротибагӣ ва дигар ёрии амалӣ  расонида мешавад.


Дар ин бора маслиҳатчии маҳаллаи деҳаи Оҳалик Каромат Ғиёсова маълумот расонида гуфт, ки:

-"Аввало мардуми деҳаи мо ба сарвари мамлакат барои ин ғамхорӣ ва кӯмаки моддӣ дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ нисбати оилаҳои ниёзманд, миннатдорӣ баён мекунад. Сониян, халқи меҳнатқарини деҳаи мо минбаъд ҳам кӯшиш мекунанд, ки  баҳри равнақи Ватани азиз Ӯзбекистони ҷонаҷон поквиҷдонона меҳнат карда, барои  пешрафти ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ доимо дар пеш бошанд. Ҳар як оилаи камтаъмин баъди гирифтани ёрии моддӣ даст ба дуо бардошта, нияти осмони софи мамлакати обод ва тинҷиву амониро карданд”.    
Комментариев: 0
Добавить комментарий