» » » Номаи навбатӣ аз номи сокинони шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи “Чилқудуқ”-и шаҳри Самарқанд


Номаи навбатӣ аз номи сокинони шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи “Чилқудуқ”-и шаҳри Самарқанд

Дар мактуб ба номи таҳририят оиди корҳои азнавбарқароркунӣ дар маҳаллаи номбурда гуфта шуда, илтимос карда шудааст, ки масъалаи бунёди маркази нави маҳалларо, дида бароем. Маркази шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Чилқудуқ” дар бинои куҳани собиқ автобаза ҷойгир шуда, сокинони мавзеъ мехоҳанд мисли дигар маҳаллаҳои ободи Самарқанд маркази нав дошта бошанд. Аз ин рӯ, барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо роҳ сӯи ин мавзеъро пеш гирифта, дар ин бора  бо истиқоматкунандагони маҳалла сӯҳбат оростем.

 


Шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Чилқудуқ”-и шаҳри Самарқанд аз 6 кӯча иборат буда, бинои маркази маҳалла ба назар куҳан менамуд. Тибқи фикри сокинон, ин хонаи оҳанини ҳамчун маркази маҳалла дар давоми 17-сол хизмат карда истода, солҳои пеш ба сифати ошхонаи яке аз корхонаҳои нақлиётӣ хизмат карда аст. Хоначаҳои хурди оҳанин бошад, албатта, барои фаъолияти аъзоёни маҳалла хеле хунук ва ноқулай, куҳан  ба назар мерасид.

 

Оиди дида шудани масъалаи бунёди бинои маркази нави маҳалла раиси шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Чилқудуқ”-и шаҳри Самарқанд Убайдулло Элбоев гуфт, ки ин масъала зери назорати ҳукумати маҳаллӣ буда  умед аст, ки ҳалли худро меёбад.

 

Сокинони маҳалла гуфтанд, ки дар ин бора ҳокими шаҳри Самарқанд дар вохӯрии сайёр дар ин мавзеъ соли гузашта, ба мутасаддиёни сектор вазифа дода, оиди дар асоси дастури давлатии "Обод маҳалла” зина ба зина  оғоз намудани корҳои сохтмониро таъкид карда буданд..

 

Доир ба ҳалли ин масъала илова мутасадддии сектор ба мо гуфт, ки аввали моҳи август дар видеоселектори бо иштироки сарвазири республика  Абдулло Арипов  баргузор гардида, доир ба ташкили марказҳои нав дар ҳудудҳои ҷумҳурӣ ба мутасаддиёни ҳудудҳои ватанӣ  вазифа дода шуд, ки ҳамаи биноҳои марказҳои маҳаллаҳои вилоятҳои республика пурра аз нав сохта шуда, обод карда шаванд.

 

Аз ин рӯ  умед аст, ки дар шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Чилқудуқ”-и ш.Самарқанд ҳам  маркази нав сохта шуда, маскани навбунёд дар хизмати аҳолии мавзеъ мегардад.

 

Боз як масъалае, ки истиқоматкунандагони ин мавзеъ мехоҳанд ҳалли худро ёбад ин мумфарш-асфалтпӯш карда шудани яке аз кӯчаҳои дохилии шағалрехташудаи маҳалла мебошад. Дар гузоришҳои пешина мо дар бораи ин муаммо сухан карда будем. Ҳоло ҳам кӯча дар ҳолати пешина буд.

 

Ҷавобан ба ин масъала ҳам мутасаддии сектор гуфт, ки дар ин самт низ корҳои бунёдкорӣ  дар ҷараёнанд. Ва рӯзҳои наздик роҳ асфалтпӯш карда мешавад.

Ҳангоми наворбардории лавҳа ходимони муассисаи "Узтелеком”-и ш.Самарқанд барои маҳалла сим-хатҳои интернертӣ ҳам мегузарониданд.

 

Гурӯҳи эҷодии мо бо ходимони ташкилоти муассисаи "Узтелеком”-и Самарқанд дар сӯҳбат шуда доир ба бурда шудани кори мазкур пурсон шуд. Намояндагони ташкилоти номбурда дар ҷавоб гуфтанд, ки бо мақсади таъмини мактаббачагон ва талабагони даргоҳҳои олиро бо алоқаи тезу фаврӣ дар асоси қарори ҳукумат шабакаи интернетии замонавӣ гузаронида шуда истода, дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ин корҳо иҷро гардида истодаанд.

 

Албатта, мақсади ҳама яктост, ободии маҳалла ва ноҳияҳову шаҳр. Умед аст, ки мутасаддиён ба ин масъалаҳо боз ҳам ҷиддитар нигариста, барои зудтар ҳал намудани муаммоҳои мавҷуда дар шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Чилқудуқ”,  ҳаракат мекунанд.

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий