» » » Анҷирзори Самарқанд


Анҷирзори Самарқанд

Мегӯянд анҷир меваи ҷаннат аст ва барои инсон ва саломатии ӯ аҳамияти хеле калон дорад.

Дар Самарқанди қадим анҷирзори куҳан мавҷуд буда, тибқи маъхазҳо, он таърихи ҳазорсола дорад. Дар давраи ҳукмронии Амир Темур бошад, дар баробари боғҳои дигари ташкилёфтаи он замон, анҷирзор ҳам рушду нумӯъ ёфта, ба боғи калон табдил ёфтааст.

 


Масоҳати умумии анҷирзори Самарқанд 40 гектарро ташкил дода, дар маҳаллаи "Боғи баланд”-и ш.Самарқанд ҷойгир аст.

 

Қобили зикр аст, ки соли 2006-ӯм бо мақсади дастгирии соҳибкорон  бо ташаббуси Президенти мамлакат ба тадбиркорон имкониятҳои васеъ дода шуда, чунин майдонҳои ҳослхез ва заминҳои собиқ колхозу совхозҳо ба хоҷагтҳои фермерӣ тақсим карда дода шуданд.

 

Аз ин ҷо, истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои сокинони корчаллон ва чашмикордони ин маҳалла ва шаҳри Самарқанд ташаббуси мазкур айни муддао гашта, дар асоси қарорҳои ҳукумат ва ҳокимияти маҳаллӣ як гектарӣ аз майдони калони анҷирзор тақсим карда дода шуд.

Ҳамин тавр, барои таъмини бозори дохилиро бо маҳсулоти босифати ватанӣ, ҷалби сайёҳонро ба ин ҷониби зебои шаҳри куҳан, тадбиркорон камари ҳимматро сахт баста, ба гирифтани ҳосили зиёд кӯшиш доранд.

 

 Яке аз корчаллонони маҳаллаи "Боғи баланд” акои Ӯктам  Рофеев якҷоя бо аҳли оилаашон боғи мазкурро доро гашта, таи солҳо дар боғ пайваста меҳнат мекунанд. Дар як сол ду маротиба аз анҷирзор маҳсулоти хушсифат гирифта, бозори маҳаллиро бо маҳсулоти босифат таъмин менамоянд.

 

Дар ин кор ба Ӯктамака Рофеев аҳли оила, фарзанду наберагон ёрӣ мерасонанд.

Чанде пеш бошад, бо мақсади ҷалби сайёҳони зиёдро ба ин макони ширини Самарқанд бо кӯмак ва ёрии ҳокимияти вилоят ва департаменти туризм-сайёҳии Самарканд шипангҳои шинами намуди миллӣ дошта сохта шуда, оянда мехоҳанд ин маконро боз ҳам ободтар кунанд.

 

Дар паҳлӯи ин боғи сарсбзу хуррам, боғи тадбиркор Шодӣ Шӯҳратбеков ҷойгир шуда, дар замини хурди анҷирзор бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ, департаменти туризми вилояти Самарканд маркази сайёҳӣ бо шароитҳои замонавӣ бунёд карда шуда истодааст.


Тадбиркор нияти бунёди маркази зебои сайёҳӣ-миллӣ дошта, дар худи ҳамин ҷо, мехоҳанд, нуктаҳои кулолӣ, наввойӣ, дӯхтани либосҳои миллӣ ва шипангҳои барҳаво барои истироҳати сайёҳонро сохта, дар рушди самти иқтисодиёт дар мамлакат саҳмгузор гарданд. Ҳоло бошад, дар ин манзил ҳам корҳои сохтмонӣ бурда шуда истода, барои қабули сайёҳон омодагӣ доранд.


Дар чидану ба аҳолӣ расонидани анҷирҳои ширини боғ бошад,  аъзоёни  оила ва духтаракони чусту чолоки тадбиркор  Бонуой ва Райҳона ёрӣ мерасонанд.

 

Ҳамин тавр, бе муболиға метавон гуфт, ки дар Самарқанди қадим баҳри давом додани анъанаҳои аҷдодӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат соҳибкору тадбиркорон ҷидду ҷаҳд карда, оянда мехоҳанд номи анҷирзори Самарқандро дар олам шуҳратёр кунанд.

Ҳар яке аз соҳибкорон ҳини сӯҳбат гуфтанд, ки меҳнат кунед роҳат дида, ҳам оиларо метавонед бонӣ кунед ва ҳам ба давлат нафъи калон расонед, барои ин бошад, дар мамлакати мо тамоми дари имкониятҳо бозанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий