» » » Саховатмандӣ шиори мост


Саховатмандӣ шиори мост

Аз гузориши пешинаи мо маълуматон, ки аъзои  клуби "Богатырь”-и назди мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Самарқанд, чемпиони секаратаи Осиё аз рӯи армрейслинг ва иштирокчии параолимпиада аз рӯи паурлифтинг дар соли 2012-ӯм дар шаҳри Лондон, Елена Аббасова наздики 20-сол мешавад, ки ба клуби дӯстдоштааш барои тамрин омада меравад.

Барои тез харакат кардан, албатта, аробачаи махсусгардонидашуда зери даст дорад.

 

Аз ин ҷо, чанде пеш бо ташаббуси шахсони саховатманди Самарқанд ба Елена Аббасова аробачаи нав харида шуд.

 

Як гурӯҳ мотосиклистони Самарқанд қарор доданд, ки ба Елена Аббасова аробачаро ба таври мутантан тақдим намоянд.

 

Барои ин онҳо дар шафати клуби варзишии "Богатырь”-и назди мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Самарқанд ҷамъ омада, Еленаро хурсандӣ бахшиданд.

Агентии идонаи "Одуванчик” мотосикли махсусро бо пуфакчаҳои зебо оро дод ва байкер Игор Завялов бошад, бо шогирдонаш барои гузоштани пойҳои чӯбин яъне костилҳо ёрии амалии калон расониданд.

 

Ашки шодӣ, чашмони дурахшидаи Еленаро дида мо низ хурсанд гаштем, ки дар Самарканд чунин шахсони дарёдилу бо меҳру оқибат, саховатпеша зиндагонӣ карда, кори хайрро ҳар рӯз ва ҳар соат мекунанд.

 

Дар чунин рӯзи хурсандӣ дар паҳлӯи Елена устодонаш Юсуф Қодиров ва

Неъмат Мӯҳсиновҳо ҳамраҳӣ намуданд.

 


 Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий