» » » Зиёратгоҳи “Ҳазрати Довуд” имрӯз ва фардо


Зиёратгоҳи “Ҳазрати Довуд” имрӯз ва фардо

Маълуматон, ки хазинаи ҷамъиятӣ хайриявии "Вақф” 16-апрели соли 2018-ӯм ташкил карда шуда, мақсади асосии он бунёду таъмир, реконструксияи муассисаҳои динӣ ва масҷидҳо, дастгирии профессорону омӯзгорони самти динӣ, тадқиқотчиёну мутахассисон ва талабагонро аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ буда, назди худ расонидани ёрӣ ба шахсони имконияти ҳаракати маҳдуддоштаву оилаҳои камбизоатро низ мақсад намудааст.



Ҳамин тавр, то вақти имрӯз зери тасарруфи хазинаи мазкур зиёда аз 35 ҳазор зиёратгоҳ дар миқёси республика мавҷуд буда, аз моҳи январи соли 2019-ӯм зиёратгоҳи "Ҳазрати довуд” ҳам зери тасарруфи хазинаи ҷамъиятӣ хайриявии "Вақф” гирифта шудааст.

 

Дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ мисли дигар иншоотҳои таърихии республика ин зиёратгоҳ қариб 5 моҳ кор накарда, санаи 15-августи соли равон фаъолияти худро оғоз намуд.

 

Ҳангоми наворбардории мо ҳамин чизро назорат кардем, ки ҳарчанд манзили кӯҳистонӣ буду обу ҳавои тоза дошт, аз ҳамаи зиёратчиён бо ниқоб будан талаб карда мешуд.

 

Нигоҳ накарда ба баландии кӯҳистон пиру барно бо нияти нек ба сӯи ғори Ҳазрати Довуд роҳ пеш гирифта, даст ба дуо бардошта, нияти тинҷиву осмони софу беғубори мамлакати ободу зеборо гуфта, барои худ низ талабҳои зиёд карда меоянд.

 

Тибқи ривоятҳои бобоёну нақли бузургони ин манзил шахсе, ки аз 1527 зинаи роҳи ғор ба боло мебарояд, ба нияту орзуи деринаи хеш мерасад.

 

Қобили зикр аст, ки соли 2015-ӯм бо сарварии ҳокими ондавраи вилояти Самарқанд Зоир Мирзоев ин макони куҳан пурра азнав таъмир карда шуда, оғоз аз мағозаву растаҳои савдоӣ ва дӯконҳои тӯҳфаҳои хотиравӣ аз зиёратгоҳ, пурра таъмир карда шуда, зинаҳо васеъ карда шуданд.Роҳи даромади мошингард пурра мамфарш-асфалтпӯш карда шуд. Оби тозаи нӯшокӣ ва хати барқӣ низ пурра барқарор гардид.

 

Ҳангоми баромадан ба баландӣ дар ду тарафи зинаҳо панҷараҳо гузошта шуда, дар болои кӯҳистон айвонҳои шинам бо ҷойҳои соянишин, курсиҳои бисёр барои истироҳат, ҳочатхонаву дигар иншоотҳои муҳим сохта шуданд.

 

Оянда масъулини зиёратгоҳ ният доранд барои боз ҳам қулайтар кардани баромад ба баландӣ барои бибиёни пири солхӯрда ва бобоён шароити беҳтаринро муҳайё созанд.

 

Дар ин корҳо ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони вилоят ҳамеша дастгирӣ намуда меоянд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий