» » » Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим!


Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим!


Ҳар субҳ пеш аз дидан кардани синфхонаҳо ва омодагии муаллимон ба дарс муаллима Фарида Ахмедова бо омӯзгорони пешқадами муассисаи таҳсилоти умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд атрофи мактаби ҷонаҷонашонро дидан карда, баъдан дар хонаи муаллимон дар боби масъалаҳои умдаи рӯз ва давр таълидиҳандагонро ҷамъ намуда, дар сӯҳбат мешаванд.

 

Бахусус дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ва оғози дарсҳо дар мактабҳо, ки волидон фикрҳои гуногун доранд, муаллима дар рафти сӯҳбат-мулоқот оиди рафтори дурусти омӯзгор ҳарф зада босабру ботамкин будани ҳамкасбон ва шогирдонашонро даъват мекунанд.

 

Дар баробари касби омӯзгори Фарида Ахмедова соли 2012 бо дархости ҳаммаҳаллагиҳо дар лавозими раиси кумитаи зан ва духтарони маҳаллаи "Урташиқ”-и ноҳияи Самарқанд кор бурда, барои мустаҳкамнамоии оилаҳои ҷавон, қадрнамоии кӯҳансолон ва ашхоси меҳнатқарин, расонидани ёрии амалӣ ба оилаҳои камбизоат заҳматҳои зиёд кашидаанд.

 

Аълочии маорифи халқ, омӯзгори тоифаи олӣ, дорандаи якчанд ҷоизаҳои бонуфузи давлатӣ ва вилоятӣ Фарида Ахмедова на фақат дар мактаб фидоиянду бачаҳоро ба хондану донишомӯзиву бо хулқи хуб будан, инсони комил шудан даъват мекунанду сабақ меомӯзонанд, балки дар оилаи худ ба фарзандону наберагонашон аз илмомӯзу китобдӯст будан, аз бар кардани илмҳои дунёвӣ ҳамеша роҳбалад буда, доимо дар паҳлӯяшонанд.

 

Дар бораи падарарӯсу модарарӯси хеш, шавҳарашон Абдуазиз Шодиқулов инчунин падари хеш ошпази моҳир Аҳмадҷон Зубайдов ва модарашон Фотима Ҳақбердиеваҳо муаллимаи тоифаи олӣ бо меҳру муҳаббати хосса сухан карда, дарси зиндагонӣ ва ҳаётро аз онҳо омӯхтаам, мегӯянд.

Омӯзгор оянда ниятҳои бисёр ва нақшаҳои зиёд доранд, мехоҳанд дар рафти илмомӯзӣ хонандагон забони модарии хешро бисёртар омӯхта, ватанпарвар, инсонҳои неки комил бишаванд, баҳри ин Ватани азиз хизмат кунанд.

 

Мо, гурӯҳи эҷодии шабакаи СТВ, дар рӯзи таҷлили иди касбии омӯзгорон, муаллимон, аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарида Ахмедова ва ҳамаи устодони вилояти Самарқандро табрик гуфта, барояшон саломативу сарфарозӣ, хушбахтиву муваффақ буданро таманно намуда, ташаккур барои кори пурмасъулияти омӯзгорӣ ва таълиму тарбияатон мегӯем.

Комментариев: 0
Добавить комментарий