» » » Тақдиргардонии ходимони Садорати Корҳои Дохилаи ноҳияи Булунғур


Тақдиргардонии ходимони Садорати Корҳои Дохилаи ноҳияи Булунғур

Дар маросими тақдиргардонии ходимони милитсияи Садорати Корҳои Дохилаи ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд ҳокими ноҳияи Булунғур подполковник Баҳодур Баҳромов, роҳбари СКД ноҳия подполковник Бунёд Ҷӯрақулов, мудири қабулхонаи халқи ноҳия полковник Темур Соипов ва ходимон садорати номбурдаи ноҳия иштирок карданд.

 

 

 

Дар оғоз ҳокими вилоят ба сухан баромада, иштирокчиёнро бо иди касбиашон табрик карда, оиди тинҷиву осоиштагӣ ва дӯст доштани Ватани маҳбуб, фидокорӣ, садоқатмандии соҳибони касби мазкур ҳарф зад.

 

Сипас, ба як гурӯҳ пешқадамони соҳаи милитсия  тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Ба ходими СКД ноҳия Асқар Сафаров бо қарори Девони Вазирони республика аз санаи 8-сентябр нишони сарисинагии "Меҳр-саховат” ба таври мутантан тақдим карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий