» » » Дар Ӯзбекистон музди меҳнати омӯзгорон боз баландтар карда мешавад


Дар Ӯзбекистон музди меҳнати омӯзгорон боз баландтар карда мешавад

Дар назар дошта шудааст, ки музди кори муаллимон зина ба зина то соли 2024-ӯм ҳар моҳ баландтар карда мешавад.

 

Дар ин бора вазири таълими халқи ҷумҳурӣ Шерзод Шерматов дар рафти брифинги Агентии ахборот ва коммуникатсияи оммавӣ маълумот расонид.

 

Тибқи фикри вазири таълим миқдори музди меҳнат барои роҳбарони синф ба 1, 5 баробар зиёд карда мешавад. Ба ғайр аз ин, миқдори маоши методистон ба миқдори маоши асосии муаллимони тоифаи олӣ баробар карда мешавад.

 

Инчунин роҳбарони мактабҳои умумтаълиме, ки нишондиҳандаи баланди қабули хатмкунандагонро ба даргоҳҳои олӣ доранд, рағбатнок гардонида мешаванд.

 

Ёдрас мекунем, ки оғоз аз санаи 1-феврали соли равон маоши камтарини омӯзгорон 679, 330 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий