» » » Дар Самарқанд сохтмони маркази савдоӣ бо нархи 100 миллион доллар оғоз гардид


Дар Самарқанд сохтмони маркази савдоӣ бо нархи 100 миллион доллар оғоз гардид

Дар ноҳияи Самарқанд корҳои сохтмонии маркази серсоҳаи савдоии "Ko'ksaroy avto mall" оғоз гардид.


Масоҳати умумии маҷмӯъ 4-гектарро ташкил дода, маркази серсоҳа дар 120 000 метри мураббаъ ҷойгир аст. Дар назар дошта шудааст, ки дар манзили мазкур 2200-то мағоза бунёд мегардад.


Инчунин дар маҷмӯи савдоии мазкур наздики 10-ҳазор нафар шахс бо кор таъмин карда мешаванд. Нархи иншооти сохтмонӣ 100-миллион долларро ташкил медиҳад.


Нархи лоиҳаи он  65-миллион доллар аст. 35-миллион доллар барои сохтмони заводи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз рӯи технологияи нав сарф карда мешавад.


Маҷмӯи мазкурро дар чормоҳаи аввали соли 2022-ӯм меҳоханд ба истифода супоранд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий