» » » Фаррух Зокиров лауреати мукофоти байнидавлатии “Ситораҳои Иттифоқ” гардид


Фаррух Зокиров лауреати мукофоти байнидавлатии “Ситораҳои Иттифоқ” гардид

Дар Вазорати маданияти Ӯзбекистон маросими тақдиргардонии артисти халқӣ Фаррух Зокиров бо мукофоти байнидавлатии "Ситораҳои Иттифоқ” баргузор гардид.

 

Тибқи маълумоти хизмати ахборотии Вазорати маданият дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ тадбир дар шакли онлайнӣ гузаронида шуд.

 

Мукофоти байнидавлатии "Ситораҳои Иттифоқ” соли 2008-ӯм таъсис ёфта, намояндагони илму фан, маданият, таълим, санъат ва фаъолони ҷамъиятиву арбобони давлатии аъзоёни давлатҳои ҳамдӯстӣ сазовори мукофоти мазкур дониста мешаванд.

 

Мукофоти мазкур ҳар сол барои саҳм дар самтҳои:

-илму фан ва таълим;

-маданият ва санъат;

-фаъолияти гуманитарӣ дода мешавад.

 

Мукофоти байнидавлатии "Ситораҳои Иттифоқ” ба шахсоне аз давлатҳои ҳамдӯстӣ дода мешавад, ки агар онҳо иштирокчии созишномаи шӯрои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ҳамдӯстӣ ва ё иштирокчии гуфтушуниди хазинаи байнидавлатии ҳамкории давлатҳои ҳамдӯстӣ бошанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий