» » » Сабаби марги се нафар кӯдак дар Каттақӯрғон аниқ шуд


Сабаби марги се нафар кӯдак дар Каттақӯрғон аниқ шуд

Тибқи маълумотҳо чанде пеш се нафар кӯдак яке 8-сола, дуввумин 4-сола ва сеюмин 2-сола аз ғубори гази табиӣ вафот карда буд.

 

Сабаби марги се нафар кӯдак дар Каттақӯрғон аниқ шуд

 

Тибқи маълумоти хизмати матбуотии прокуратураи генералӣ сабаби марги хурдтаракон дар асоси экспертиза-таҳқиқоти тиббӣ-судӣ заҳролудшавӣ аз ғубори гази табиӣ гӯён муайян карда шуд.

 

Ин ҳодисаи ҳузнангез санаи 12-январ соати 10.00 дар хонаи истиқоматии маҳаллаи "Дӯстлик” содир гашт. Аъзоёни оиларо хешовандон дар ҳолати беҳушӣ дарёфтанд. Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Каттақӯрғон корҳои тафтишотӣ бурда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий