» » » Ду нафар духтаракони аълохон бо мукофоти Давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шуданд


Ду нафар духтаракони аълохон бо мукофоти Давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шуданд

Соли ҷорӣ аз вилояти Самарқанд котиби матбуотии ташкилоти ғайридавлатии "Шӯрои эҷодкорони ҷавони республика” Хайруллоева Фирӯза Нурмат қизи ва донишҷӯи бахши 2-и факултаи забон ва адабиёти ӯзбеки университети давлатии Тошканд Шомуродова Моҳинисо Шавкат қизи лауреати мукофоти Давлатии ба номи Зулфия гардиданд.

 

 

Нишонаи сарисинагӣ ва дипломи лауреатҳои мукофотҳои давлатӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Оид ба тақдиргардонӣ бо мукофоти ба номи Зулфия ” дар рӯзи ҷашнгирии иди байналхалқии бонувон-8 Март тақдим карда мешавад.

 

Ба ғайр аз ин ба ҳар як соҳиби мукофот мукофотпулӣ ба миқдори 50-баробари ҳисоби асосии муқаррарӣ дода мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий