» » » Дар вилояти Самарқанд корҳои реконструксионии пул-кӯпруки пайвасткунандаи ду ноҳия сар карда шуд


Дар вилояти Самарқанд корҳои реконструксионии пул-кӯпруки пайвасткунандаи ду ноҳия сар карда шуд

Роҳи мазкур ду маҳалла, маҳаллаи "Алмазор” ва "Ӯзбекистон”-и ноҳияи Оқдарёро ба ҳам пайваст мекунад. Тибқи маълумоти нашрияи "Зарафшон” соли 2012 сол дар натиҷаи обхезӣ кӯпруки номбурда зарар дида буд. Сокинони ин мавзеъ ба ҷои 15 километри роҳ 45 километрро тай карда аз як тараф ба тарафи дигар мегузаштанд. Соли гузашта бошад, бо роҳи ҳашар барои наздик кардани роҳ кӯпруки овезон сохта буданд. 
 

Дар вилояти Самарқанд корҳои реконструксионии пул-кӯпруки пайвасткунандаи ду ноҳия сар карда шуд

 

Ҳамин тавр, 20-нафар сохтмончиёни корхонаи УП «Samarqand ko‘priklardan foydalanish» корҳои реконстрксиониро оғоз кардаанд.

Дар назар дошта шудааст, ки дарозии кӯпрук 42, 5 метр ва бараш 10 метр мешавад. Дар ду тарафи роҳ бошад, роҳрави пиёдагардон низ бунёд мегардад.
Комментариев: 0
Добавить комментарий