» » » Дар вилояти Самарқанд аз ҷонишини директор 15 миллион сӯм ҷарима ситониданд


Дар вилояти Самарқанд аз ҷонишини директор 15 миллион сӯм ҷарима ситониданд

Аз ҷонишини директори мактаби № 13-и ноҳияи Тайлоқ Н.Исматуллоев барои ҷалби мактаббачагонро ба ҳашар 15, 6 миллион сӯм ҷарима ситонида шуд.

 

Дар вилояти Самарқанд аз ҷонишини директор  15 миллион сӯм  ҷарима ситониданд

 

Гуфта шудааст, ки моҳи декабри соли 2020-ӯм омӯзгор хонандагони синфҳои 5 ва 8-ро ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда, барои ободонии ҳудуд кор фармудааст. Барои ин кор омӯзгорро танбеҳ дода буданд.

 

Аммо аз ҷониби вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнат аз рӯи  факти дар даст буда, инспексияи Давлатии меҳнат корҳои назоратӣ бурда, аз омӯзгор 15, 6 миллион сӯм ҷарима ситонида шуд. Инчунин гуфта мешавад, ки минбаъд барои ҷалби бачаҳои нобоглиғро ба меҳнат ҷавобгарии ҷиноӣ низ муқаррар карда шудааст.  

Комментариев: 0
Добавить комментарий