» » » Чор нафар шаҳрванд аз заҳролудшавӣ бо гази табиӣ аз олам гузашта, як нафар ба шифохона бурда шуд


Чор нафар шаҳрванд аз заҳролудшавӣ бо гази табиӣ аз олам гузашта, як нафар ба шифохона бурда шуд

Тибқи маълумоти Podrobno.uz такя ба прокуратураи ҳудудӣ, дар Самарқанд чор нафар шаҳрванд аз заҳролудшавӣ бо гази табиӣ аз олам гузашта, як нафар ба шифохона бурда шуд.

 

 

Ин ҳодисаи ҳузнангез соати 11.00-и 28-и март дар шӯрои шаҳрвандони "М.Шайхзода” дар Самарқанд рух дод. Сабаби заҳролудшавӣ печ-гармкунаки голландӣ дониста шудааст.

 

Марди дар ҳолати вазнин буда, ба маркази ёрии таъҷилии тиббии вилоятӣ бо аломатҳои заҳролудшавии вазнин оварда шуд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур прокуратураи Самарқанд корҳои тафтишотӣ мебарад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий