» » » Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд

 

Дидан кардан ва шинос шудан бо корҳои бунёдкорӣ дар Самарқанд аз аэропорти байналхалқии Самарқанд оғоз гардида, даставвал роҳбари давлатамон дар майдони ҳавоии шаҳри бостонӣ шуданд.

 

Маълуматон, ки соли 2019-ӯм ҳангоми ташриф ба Самарқанд Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев оид ба модернизатсияи аэропорти Самарқанд вазифа дода таъкид намуда буданд, ки ин манзил бояд ба майдони ҳавоии замонавӣ табдил дода шавад.

 

Аз ин рӯ, дар асоси лоиҳа сохтмони терминали нав барои мусофирон, хати омодагӣ ва парвоз ба ҳавои самолётҳо-ҳавопаймоҳо истгоҳ ва дигар иншоотҳо бунёд карда мешавад.

То вақти имрӯз хати омодагӣ ва парвоз ба ҳавои самолётҳо-ҳавопаймоҳо бо дарозии 3 105 метр ва бари 60-метра тайёр карда шуда, таҷҳизоти чароғакҳои равшанидиҳанда ва аэронавигатсионӣ тайёр карда шудааст. Агар терминали пешина барои 400-нафар шаҳрванд дар хизмат бошад, баъди таъмир терминали нави замонавӣ якбора барои 800-нафар шахс метавонад хизмат расонад.

 

 -"Мақсад фароҳам намудани қулайи дар аэропорт барои аҳолӣ буда, бояд аз технологияҳои "доно” истифода бурд. Ҳаққи хизматрасонӣ ҳам бояд арзон бошад,-гуфтанд Шавкат Мирзиёев”.

Дар аэропорт инчунин 24-то ҷойи истгоҳи барои самолёт-ҳавопаймоҳои гуногунҳаҷм сохташуда истода, се истгоҳи дигари иловагӣ бунёд мегардад.

 

Дар майдони ҳавоӣ хизмати карго низ ба роҳ монда мешавад. Президенти мамлакат ба ин масъала диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки ин самт бояд ба дараҷаи аъло ба роҳ монда шавад.

 

Дар назар дошта шудааст, ки иншооти мазкур моҳи сентябри соли равон ба истифода супорида мешавад. Баъди кушодашавӣ, ҳазор нафар шахс ба кор баргашта, аэропорт дар тартиби осмони кушод фаъолияти хешро давом медиҳад.

 

Ёдрас мекуна, аэропорти Самарқанд соли 1967-ӯм сохта шуда буд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий