» » » Минбаъд шиносномаҳои биометрӣ ва шиносномаҳои баромад ба хориҷро метавон рӯзи якшанбе низ гирифт


Минбаъд шиносномаҳои биометрӣ ва шиносномаҳои баромад ба хориҷро метавон рӯзи якшанбе низ гирифт

Минбаъд шиносномаҳои биометрӣ ва шиносномаҳои баромад ба хориҷро метавон рӯзи якшанбе низ гирифтХодимони идораи ноҳиявӣ, шаҳриву вилоятии мигратсионӣ ва ба расмият даровардани шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон минбаъд рӯзҳои якшанбе аз соати 8.00 то соати 20.00 кор карда, дар масъалаҳои азхудкунии ҳуҷҷатҳо барои шиносномаи биометрӣ ва шиносномаҳои баромад ба хориҷу додани шиносномаҳоро ба шаҳрвандон кӯмак мерасонанд. Дар ин бора саридораи мигратсионӣ ва ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар мерасонад.

 

Аз ин рӯ, шаҳрвандони то ҳол шиносномаи куҳан дошта, метавонанд аз имконияти мавҷуда истифода баранд.

 

Ёдрас мекунем, ки мӯҳлати охирини ивази шиносномаҳои кӯҳна дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон то санаи 31-декабри соли 2019 муайян карда шудааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий