» » » Дар Самарқанд метрои овезони сабук пайдо мешавад


Дар Самарқанд метрои овезони сабук пайдо мешавад

Дар Самарқанд метрои овезони сабук пайдо мешавадТибқи маълумоти шабакаи everyday.uz.бо фармони Президенти мамлакат дар вилояти Самарқанд корҳои сохтмонии метрои овезони сабук оғоз мегардад. Дар ин бора ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов маълумот дод.

 

Ин хат (линия) Самарқандро бо маркази нави сайёҳӣ, ки дар ҳудуди канали қаиқронӣ бунёд карда хоҳад шуд, пайванд мекунад.

 

Дар давоми сухани хеш ҷонишини сарвазири ҷумҳурӣ илова намуд:

 

-"Роҳбари давлатамон ҳангоми ташриф таъкид намуданд, ки барои фароҳамнамоии қулайӣ ба сайёҳону зиёратчиёни хоҳиши дидан кардани канали қаиқронӣ дошта, метрои сабуки овезон сохтан лозим аст. Дар навбати худ бунёди ин воситаи нақлиётӣ набояд ба аҳолии шаҳр халал расонад".

 

Ёдрас мекунем, ки ҳангоми ташриф ба Самарқанд роҳбари давлатамон оиди бунёди маркази сайёҳӣ дар ҳудуди канали қаиқронӣ сухан карда, сохтмони меҳмонхонаҳову ҷазираҳои сунъӣ, тарабхонаву хиёбонҳо ва лагерҳои истироҳатӣ-сиҳатиро низ пешниҳод намуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий